Нашрияи Омӯзгор

Нон – нерубахши инсон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Яке аз шартҳои баланд бардоштани сифати кори педагогӣ дар таълиму тарбия аз методу усулҳои гуногун эҷодкорона ва самаранок истифода бурдан мебошад. Масъулияти роҳбари синф дар ин кори муҳим басо зиёд аст.

Педагоги машҳури Шӯравӣ  В.А. Сухомлинский гуфта буд: «Ман ба роҳбарони синф  ҳасад  мебурдам, чунки онҳо доим бо бачагонанд». Яке  аз омилҳои таъсирноки кори роҳбари синф соати тарбиявӣ мебошад. Вале агар соати тарбиявӣ танҳо бо баромаду суханони хушку холӣ гузарад, хонанда дилгир мешавад ва сухан низ беқурб хоҳад шуд.  Бо мақсади дар хонандагон тарбия намудани ҳисси ҳурмату эҳтиром ба нон баргузории дарсҳои тарбиявӣ аҳамияти калон дорад. Роҳбари синфи 10–уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ишкошим Соҳибҷамол Музофирова доир ба мавзӯи «Қадри нон» соати тарбиявӣ баргузор намуд. Барои гузаронидани ин дарси тарбиявӣ синфро бо шиору овезаҳо оро доданд. Дар мобайн (дар рӯйи миз) намудҳои гуногуни нону кулчақанд ва як бурда нони болои хоку чанг афтодаро гузошанд.

Дарсро аз саволу ҷавоб сар карда, аз хонандагони синф пурсиданд: Хонандагони азиз, чизи  аз ҳама болаззаттро барои инсон номбар кунед.

Дилноза: - Чизи аз ҳама болаззат шакар аст.

Рубина: - Не, аз ҳама болаззат - шоколад.

Гулаёз: -  Аз ҳама болаззаттар - асал.

Роҳбари синф ҷавобҳои хонандагонро шунида, аз онҳо пурсид: - Оё як рӯзи дароз шоколад ё асалу шакар хӯрдан мумкин?

Хонандагон ҷавоб доданд: – Не!

- Пас чизи болаззаттарине, ки мо ҳар рӯз мехӯрем, вале он ҳеҷ гоҳ ба дили мо  намезанад, чист?

Хонандагон: - Нон.

Оре, нон ҳеҷ гоҳ ба дил намезанад. Аммо баъзеҳо нонро ҳурмат намекунанд, онро зери по мепартоянд, ба партовҳо монда мераванд.

Аз тарафи омӯзгор Соҳиб-ҷамол Музофирова ба хонандагон савол дода шуд: - Шумо медонед, ки барои рӯёнидани гандум ва тайёр кардани нон чӣ қадар заҳмат кашидан лозим аст? 

Хонандагон доир ба рӯёнидани гандум ва тайёр кардани нон фикрашонро гуфтанд. Инчунин, ба соати тарбиявӣ мутахассисони пешқадами истеҳсолот даъват шуда буданд, ки ҳар якашон дар бораи қадри нон ва ҳурмати он сухан карданд.

Дар охир роҳбари синф Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон дода гуфт:

- Гӯед, ки чаро дар Нишони Ҷумҳуриамон гандум тасвир шудааст? Зеро ки нон арзандаи  эҳтироми ҳамагонӣ ва сарвати кишвар мебошад. Биёед, ба ҳурмати меҳнати деҳқону коргарон, ки нон тайёр мекунанд, расем. Нагузорем, ки як резаи нон ба замин афтад, зеро нон ҳам нону нонреза ҳам нон аст.  Бо ин роҳ роҳбари синф дар замири хонандагон метавонад амалу рафтори некро тарбия намояд.

Мавлоназар Қозиев,

ҷонишини директори мактаби  №2 –и ноҳияи Ишкошим


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш