Яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи таълиму тарбия, ки солҳои охир мавриди тадқиқ ва баррасии олимону муҳаққиқон қарор дорад, салоҳияти омӯзгор ба ҳисоб меравад.
Омӯзгори муосирро зарур аст, ки дар ҷаҳони ӯро иҳотакарда қобилияти самтгирӣ дошта бошад ва навовариҳои дар ҳаёт ва касбият пайдошударо баҳогузорӣ намояд, зеро маҳз симои маънавии ӯ инъикосгари одобу ахлоқи ҷамъиятӣ аст.
Омӯзгор танҳо дар ҳамон ҳолат кордон ҳисобида мешавад, ки нозукиҳои таркиби тарбияро аз худ намояд. Маҳз кордонии омӯзгор ҷаҳони маънавии хонанда, самтгириҳои маънавии ӯро ташаккул дода, ба ӯ оид ба меъёрҳои рафтор дар ҷомеа иттилои умумӣ медиҳад. Аз ин хотир, яке аз масъалаҳои муҳим салоҳияти омӯзгор ба ҳисоб рафта, зарурат ба миён меояд, ки ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии унсурҳои асосии салоҳияти педагогӣ, инкишофу мукаммал гардонидани сифатҳои шахсӣ ва қобилияту кордонии омӯзгор, ки муносибати адеквативии психологии ӯро бо хонандагон, волидайни онҳо ва ҳамкорон таъмин менамояд, мавриди баррасии илмӣ қарор дода шаванд. Мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ» дар давраҳои гузашта на он қадар мавриди истифода қарор дода мешуданд, ба ҷои ин мафҳумҳо бештар аз мафҳумҳои «маҳорат», «малака», «дониш» истифода менамуданд. Муҳаққиқи тоҷик М. Лутфуллозода қайд менамояд, ки дар шароити имрӯза зарурат пеш омадааст, ки мо мафҳумҳои «салоҳият» ва «салоҳиятнокӣ»-ро мавриди истифода қарор диҳем. Ба таъкиди устод, доираи салоҳият ва салоҳиятнокӣ нисбатан васеъ буда, унсурҳои гуногунро ба монанди салоҳияту салоҳиятнокии касбии омӯзгор, маҳорати омӯзгорӣ, қобилияти омӯзгорӣ, технологияи таълими фан, фарҳанги омӯзгорӣ, маънавиёт ва ахлоқи омӯзгорӣ, сифатҳои касбии омӯзгор, малакаҳои касбӣ, иштироки фаъол ва шахсияти талабаву донишҷӯ, аҳли ҷомеа, падару модарон, муҳити созгор, воситаҳои ахбори умум, стандарти давлатии таъмини салоҳиятнокӣ, назорат ва роҳбарии салоҳиятнокии хонандагонро фаро мегирад.
Барои баррасии ҳаматарафаи салоҳият ва салоҳиятнокии омӯзгорон мебояд ташаккул ва инкишофи таълимоти гуногун дар соҳаи тарбия ва таълими насли наврас омӯхта шавад. Дар асоси чунин омӯзиш имконият пайдо мешавад, ки донишҳо ва қобилияти дарки ҷаҳони дохилии хонандагон таъмин карда шавад. Омӯзгори муосир бояд қобилияти ташкил намудани робитаи педагогиро дошта бошад, тавонад бо волидайн ва ҳамкорони худ муносибатҳои корӣ барпо намояд.
Салоҳият ва салоҳиятнокии омӯзгор бояд дар доираи этикаи педагогӣ баррасӣ карда шавад. Этикаи педагогӣ қонуниятҳои зуҳуроти ахлоқ дар шуур, рафтор, қобилият, муносибатҳо ва фаъолияти педагогро таҷассум менамояд. Салоҳияти омӯзгор аз қобилият ва рафтори ӯ, аз сатҳи донишу малакаҳои ӯ бармеояд.
Салоҳият ва салоҳиятнокии омӯзгор дар одоби муомилаи педагогӣ таҷассум меёбад. Хусусияти фарқкунандаи муносибати этикиву аксиологии воқеияти педагогӣ дар таснифоти А.С.Макаренко такя намудан ба ягонагии коллективи педагогӣ ба ҳисоб меравад, ки сифати фаъолиятро муайян менамояд. Дар зерсистемаи муносибати «омӯзгор-омӯзгор» ягонагии арзишӣ, ёрии тарафайн ва талаботпазирӣ ҷудо карда мешавад, ки услуб ва тарзи ҳаёти коллективро муайян менамояд. Дар зерсистемаи «омӯзгор-хонанда» педагог арзиши «табъи болида»-ро қайд менамояд, ки аз рӯҳияи бардам, омодагӣ ба амалҳои мухталиф, ҳиссиёти қадру қимати шахсӣ, ки дар ифтихор аз коллективи худ асос меёбад, масъулиятшиносӣ ҳамчун асоси фаъолияти мазкур иборат аст. А.С. Макаренко яке аз аввалин педагогҳое мебошад, ки диққати ҷомеаро ба нақши маҳорати педагогӣ дар ташкили раванди таълим ҷалб намудааст.
Бинобар ин, барои мо зарур аст, ки дар шароити имрӯза ба масъалаи салоҳият ва салоҳиятнокии омӯзгор диққати махсус диҳем.
Наҷиба ГУЛОВА,
устоди Донишгоҳи
давлатии Данғара
Иловакунӣ
Иловакунии фикр