Нашрияи Омӯзгор

Мавҷҳои гравитатсионӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар асоси назарияи нисбияти умумӣ Алберт Эйнштейн пешгӯӣ карда буд, ки дар майдони гравитатсионии дар натиҷаҳои кашиши мутақобилаи байни ҷисмҳои ҷазбшаванда ҳосилшаванда дар вакуум бояд мавҷҳои ҷозиба – мавҷҳои (гравитатсионӣ) паҳн шавад.

Дар назария нисбияти умумӣ ба се ченаки фазоӣ ченаки чорум-вақт илова шуда, олами чорченака ба вуҷуд меояд. Мувофиқи ин назария мавҷҳои гравитатсионӣ дар таҳти таъсири масса каҷшавии фазо – вақт мебошад. Эйнштейн исбот карда буд, ки ҳар гуна материяи бошитоб ҳаракаткунанда ошӯби фазо – вақтро мавҷҳои гравитатсиониро ба вуҷуд меоварад. Ҳар чӣ қадар шитоб ва массаи объект калон бошанд, ин ошӯб ҳамон қадар пурқуваттар мешавад. 

Бо сабаби назар ба дигар таъсирҳои мутақобилаи бунёдӣ суст будани қувваҳои гравитатсионӣ ин мавҷҳо ҳам суст мебошанд ва онҳоро ба қайд гирифтан душвор аст. Ба ҳамин нигоҳ накарда, олимон бо мақсади дар таҷриба ошкор кардани мавҷҳои гравитатсионӣ 50 сол боз дастгоҳҳои илмӣ сохта, онҳоро такмил медиҳанд. Аввалин шуда бо ин кор физики ИМА Ҷозеф Вебер машғул шуд. Вебер дастгоҳеро сохт, ки ба воситаи он мавҷҳои гравитатсиониро қайд кардан мумкин аст. Дере нагузашта Вебер эълон кард, ки ӯ мавҷҳои гравитатсиониро ба қайд гирифтанист, вале олимон ин хабарро ба инобат нагирифтанд. Ба ҳамин нигоҳ накарда, олимони сершумор ба Ҷозеф Вебер пайравӣ карда, ба ҷустуҷӯ кардани мавҷҳои гравитатсионӣ машғул шуданд. Аз ин нуқтаи назар Ҷозев Вебер асосгузори ин равияи илми астрономияи гравитатсионии мавҷӣ шуморида мешавад. 

Лоиҳае, ки аз рӯйи он олимон барои ба қайд гирифтани мавҷҳои гравитатсионӣ тадқиқот мебаранд, лоиҳаи LIGO (интерферометрии лазерии барои мушоҳидаи мавҳои гравитатсионӣ) ном дошта, дар бораи он мутахассиси соҳаи физикаи назариявӣ Митио Каку дар китоби худ «Кайҳони Эйнштейн», ки соли 2004 нашр шудааст, маълумот медиҳад. Ӯ боварии комил дорад, ки олимони дар ин лоиҳаи LIGO таҳқиқбаранда нахустин шуда мавҷҳои гравитатсионии дар натиҷаи дар кайҳони дур бо ҳам зарбахӯрии ду фурӯбурди сиёҳ пайдошавандаро ба қайд гиранд.

Пешгӯии Каку ба ҳақиқат табдил ёфт. Марти соли 2016 гурӯҳи олимони байналмилалӣ аз расадхонаи LIGO эълон карданд, ки онҳо мавҷҳои гравитатсиониро кашф карданд.

Ин  расадхона дар ИМА ҷойгир буда, аз 3 дастгоҳи лазерӣ иборат аст. Ба гуфти Митио Каку, нури лазерӣ баъди ба ду нури мустақил ҷудо шуданаш нисбат ба ҳамдигар ба таври перпендикулярӣ паҳн мешавад. Баъдан аз ойинаҳо инъикос шуда, боз якҷоя мешаванд. Дар мавриди аз интерферометр гузаштани мавҷҳои гравитатсионӣ дарозии роҳи оптикии нурҳо ба ошӯб дучор мешавад ва ин боиси тағйирёбии манзараи интерференсионӣ мегардад. Бо мақсади сигналӣ ба қайд гирифта шуда, сигнали ногаҳонӣ набуданашро санҷидан интерферометрҳоро дар се ҷойи аз ҳамдигар дур ҷойгир карданд. Агар ҳар ин интерферометрҳо яку якбора ин сигналро қабул кунанд, он гоҳ, бешубҳа, бовар ҳосил кардан мумкин аст, ки тағйироти дар роҳи оптикии нурҳо натиҷаи таъсири мавҷҳои гравитатсионии аст. Бо ақидаи Митио Каку, танҳо дар таҳти таъсири мавҷи гравитатсионӣ бузургии ченакаш аз ченаки сайёраи мо калонтар буда, ҳамаи қайдкунакҳо дар як вақт коркард мекунанд, иттилооти дохилшударо сабт мекунад.

Моҳи марти соли 2016 олимони расадхонаи LIGO афканишоти гравитатсиониро ба қайд гирифтанд, ки дар натиҷаи бо ҳам якҷояшавии ду фурӯбурди сиёҳи массаи ҳар кадомаш мувофиқан ба 36 ва 29 массаи офтобтобӣ баробарбуда паҳн шуд. Аз онҳо объекти кайҳонии нав пайдо шуд, ки он ба 62 массаи офтобӣ баробар аст. Минбаъд иттилооти оид ба кайҳонбударо нафақат ба воситаи сарчашмаҳои оптикӣ, рентгенӣ, электромагнит ва ғайра ба даст меоваранд. Инчунин, ба воситаи мавҷҳои гравитатсионӣ ҳам имконияти дарёфт кардани он пайдо шуд.

 

Муҳибулло ШЕРМАТОВ,

дотсенти кафедраи

 физикаи назариявии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 

Меҳрангези

АСЛИДДИН,

магистри соли дуюми

факултаи  физикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш