Ҷамолиддин Амирхонов аз рӯзи нахустини дар мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе роҳбар таъйин гардиданаш бо меҳру муҳаббати беандоза ба кор оғоз кард. Дар урфият бисёр хуб гуфтаанд: “Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол!”. Ҷ. Амирхонов бо вуҷуди ҷавонӣ бо хулқу рафтори ҳамида ва муносибату муомилаи нек дар байни ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса обрӯву эҳтироми зиёд дорад.
Ӯ синфхонаҳои таълимӣ ва ҷойи хобу хӯрокхӯрии хонандагони муассисаро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст. Мекӯшад ки толибилмон бо лавозими рӯзгор ва асбобу анҷоми таълимӣ таъмин бошанд. Роҳбари ҷавон ба рафти таълиму тарбия таваҷҷуҳ намуда, аз омӯзгорон талаб менамояд, ки дарсу машғулиятҳоро дар сатҳи баланд гузаронанд.
Фотима Амриддинова,
омӯзгори мактаб-интернати №1-и
барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр