ҷои баҳс нест, ки тараққиёт ва инкишофи дигар соҳаҳои ҷамъият ба ҳар шаклу шева аз сатҳи мактабу маориф ва маърифатнокии шаҳрвандон вобастагӣ дошта, аз он маншаъ мегирад.
Дар низоми маориф низ бо иртиботи ин гуна талаботу таваҷҷуҳ ва вуҷуд доштани баъзе мушкилоту камбудиҳо ислоҳоту навгониҳои зиёд роҳандозӣ шуда, дастовардҳои назаррас ба чашм мехӯранд. Ҳамзамон, лозим аст дар ин самт тадбирҳои мукаммалсозии ин гуна тасмимҳо ва ин гуна ислоҳот идома дода шавад, то ин ҳадафҳо дар амал татбиқ шаванд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бартараф намудани мушкилоти дар ин самт мавҷуда аз масъалаҳое буданд, ки дар Паёми Пешвои миллат ба онҳо таъкид шудааст.
Дар робита ба ин масъалаҳо чунин зикр гардидааст: «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад».
Воқеан, тӯли чанд соли охир дар сартосари кишвар муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бо таъкиди Сарвари давлат, танҳо соли сипаришудаи 2018 дар ҷумҳурии мо, аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо теъдоди зиёда аз 73 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҳудуди муассисаҳои таълимии навсохт майдонҳо барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, ошхона, утоқҳои таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, мавриди истифода қарор доранд. Ин гуна тағйироту навовариҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи кории мо, мураббияҳо ва тарбияи кӯдакони гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб шароити хубу мувофиқ фароҳам меоранд. Дар Паём омада, ки минбаъд дар се соли оянда беш аз 1100 муассисаи таълимӣ бунёд хоҳад шуд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди нигаронӣ ва баррасии Пешвои миллат, қарор гирифт, нарасидани кадрҳои соҳибихтисоси арсаи маориф мебошад. Президенти Ҷумҳурӣ чунин зикр намуданд: «Мо заҳмати мураббияҳо, устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд». Дар ҳақиқат, агар мураббия, устод ва омӯзгор сатҳи баланди касбӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита, ба раванди таълиму тарбия наметавонад таъсир расонад. Дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва пешрафти муассисаҳои тарбиявӣ мусоидат карда, боиси боло рафтани сифати таълиму тарбия дар ин самт мегардад.
Шаҳло БОБОЕВА,
мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №82-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр