Нашрияи Омӯзгор

«Ёдгори умр»-и омӯзгор

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Ғафур Носиров аз собиқадорони маориф буда, солҳои зиёд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Феълан вай 85-сола мебошад, вале ҳамоно мекӯшад дар ободии диёр саҳмгузор бошад. Мавсуф аз шукуфоии кишвар ба ваҷд омада, ба эҷоди шеър даст мезанад. Соли гузашта маҷмӯаи худро ба нашр расонид. Маҷмӯа «Ёдгори умр» ном дорад ва мавзӯи шеърҳои он ситоиши манзараҳои диёри нозанин, заҳмати созандаи мардум, ишқу муҳаббати самимӣ, таҷрибаи рӯзгор мебошад.

Қисмати аввали маҷмӯа аз ғазал, қасида, мухаммас иборат буда, қисмати баъдии он мақолаҳои муаллифро дар бар гирифтааст. Аксари шеърҳо дар ситоиши Ватани маҳбуб иншо шудаанд.

Меҳанам, медон, ки худ рӯида аз хокат манам,

Баҳри ҳифзат ҷонсупору чусту чолокат манам.

Ситоиши меҳру садоқати поку беолоиш, ҳусну латофати дилбар низ аз мавзӯъҳои асосии китоб мебошад.

Бишкуфтӣ чу гул ба боғи хубӣ,

Ҳусни ту ҳамеша безавол аст.

Ҳиммат ва ҳавсалаи ин омӯзгори солманд маҷмӯаи шеърии «Ёдгори умр»-ро ба бор овардааст, ки писанди хонандагон хоҳад гашт.

Хушдили Абдулғафур

 

 

Аз амалҳои бад ҳазар намоем

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки ин қишри ҷомеа давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошад. Зарур аст, ки ҳисси масъулиятшиносии ҷавононро нисбат ба эҳтироми арзишҳои ахлоқии миллӣ тақвият бубахшем.

Имрӯз ба тарбияи ахлоқӣ ниёз доштани ҷавонон дар тақлидкорӣ ва бегонапарастии бархе аз онҳо, инчунин, даст доштан дар амалҳои ҷиноӣ, кӯчагардиву дур будан аз мутолиаи китоб, машғул шудан ба амалҳои зишт ва беманфиат, дар компютербозиву телефонбозӣ зоҳир мегардад. Мушкили дигари имрӯзаи ҷавондухтарон дар талқини фарҳанги лисобпӯшии барои мо бегона маънидод мегардад. Маълум аст, ки яке аз воситаҳои муҳими тарбия барои ҷавонон мутолиаи китобу маҷаллаҳои гуногуни илмӣ ва бадеӣ ҳисоб меёбад. Мактаббачагон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳар гуна маҳфилҳо машғул шаванд. Ватани хешро дӯст доранд ва ба арзишҳои миллӣ арҷгузор бошанд.

Ҷавонон ба ҳайси қувваи ояндасоз бояд ба муқобили ҳама гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили бегонапарастӣ, ифротгароии диниву мазҳабӣ, терроризм, машғул будан ба савдои маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ мубориза баранд. Танҳо донишҳои мукаммали касбӣ, фаъолияти меҳнатии фоидаовар ба нафъи ҷамъият ҷавононро ба қуллаҳои мақсуд расонида метавонад.

 

Қудратшо Алиев,

 омӯзгори мактаби №31-и

 ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш