Яке аз самтҳои фаъолияти шӯрои методӣ ҳамоҳангсозии корҳои методӣ ва рушди мазмуни таҳсилот аст.
Ташкилу мураттабсозии барномаҳои озмоишӣ, маводи методӣ, нақшаҳои тақвимӣ, кори иттиҳодияҳои методӣ, нақшаи таълимии муассисаи таълимӣ ва расмӣ кунонидани онҳо аз паҳлуҳои дигари фаъолияти шӯрост. Ба ҳайати шӯрои методӣ роҳ додани омӯзгорони навовару эҷодкор, ки дар фаъолияти худ шаклҳои инноватсионии корҳои методиро истифода мебаранд, басо бамаврид мебошад.
Рушди мазмуни таҳсилот ва пешравии корҳои методӣ, пеш аз ҳама, ба малакаю маҳорати раиси шӯрои методӣ ва омӯзгорон вобастагии калон дорад. Маҳорату малакаи омӯзгорон худ ба худ пайдо нашуда, он дар натиҷаи мутолиаи адабиёти илмию методӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, иштирок дар курсҳои бозомӯзӣ инкишоф меёбад. Тадқиқоти педагогӣ дар муассисаи таълимӣ ин натиҷаи дастовардҳои таҷрибаи педагогӣ мебошад. Тадқиқоти педагогиро дар муассисаи таълимӣ хадамоти методӣ ба роҳ мемонад.Самтҳое, ки хадамоти методӣ бевосита фаъолияташро равона мекунад, шӯрои методӣ, кабинети методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ мебошанд. Фаъолияти кори хадамоти методӣ баҳри пешрафти корҳои методии муассисаи таълимӣ нигаронида мешавад, ки баҳри расонидани ёрии методӣ равона карда шудааст,
Кабинети методӣ сохтори алоҳида набуда, макони нигоҳ доштани маводи шӯрои методӣ, маводи иттиҳодияҳои методӣ, дастурҳои методӣ ва асноди меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Барои баланд бардоштани мақом ва пешравии корҳои методӣ дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар шӯрои методӣ зарур аст. Ҳуҷҷатгузории шӯрои методӣ баҳри пешравии корҳои методӣ мусоидат менамояд.Раиси шӯрои методиро мебояд, ки 13 номгӯйи ҳуҷҷатҳоро ташкил намуда, ҳар яки онҳоро дар фаъолияти худ дуруст ба роҳ монад.
Муҳаммад Хоҷаев,
муовини директор оид ба корҳои таълимии мактаби рақами 16, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр