Дар муассисаҳои таълимӣ омиле, ки ба интихоби дурусти касбу ҳунар ва баланд бардоштани шавқу меҳри хонандагон таъсир мерасонад, дарси технологияи касбу ҳунар мебошад, ки аз синфи 5 оғоз меёбад.
Барои ташаккули шавқу ҳаваси шогирдон баҳри меҳнатдӯстии онҳо омӯзгори технологияи касбу ҳунар нақши муҳим дорад. Омӯзгори технологияи касбу ҳунар бояд дониши мукаммал ва ҳунари воло дошта бошад. Ҳамзамон, вай бояд фаъолияти худро бо дарназардошти асосҳои равоншиносӣ (психологӣ) ба роҳ монад, зеро дарку фаҳмиши хонандагон аз ҳамдигар тафовут дорад. Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ бояд маърифати касбу ҳунаромӯзии шогирдон зина ба зина сайқал дода шавад.
Баҳри амалӣ намудани ин вазифаҳо корҳои зеринро иҷро бояд кард;
Якум, дуруст интихоб намудани касб.
Дуюм, ба назар бояд гирифт, ки аз рӯи ихтисос кор ёфтан мумкин бошад;
Сеюм, касб бояд ба имкониятҳои фард мувофиқ бошад.
Падару модарон, омӯзгорон, мураббиён ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба интихоби касби ояндаи насли наврас бо дарназардошт ва баҳисобгирии талаботи бозори меҳнат аз рӯзҳои нахустини ба мактаб қадам монданашон омодагӣ бинанд.
Дар муассисаи мо барои омӯзиши касбу ҳунар, духтарон кабинетҳои алоҳида мавҷуданд, ки бо таҷҳизотҳои махсус, аз қабили мошинаҳои дарздӯзӣ, манқалҳои барқӣ ва дигар маснуоти дӯзандагию пазандагӣ таъмин мебошанд. Ба хонандагон омӯзгорони варзида, ки мутахассиси соҳа ҳастанд, касбу ҳунар меомӯзанд.
Майсара Аҳророва
омӯзгори мактаби №56,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр