Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон ба марҳилаи ниҳоят мушкил ва ҳассос расидааст, ки ин аз кишварҳои абарқудрат ва ҷомеаи байналмилалӣ талаб менамояд, то дар тасмимгириҳояшон вобаста ба мавзӯоти муҳими байналмилалӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Зеро, ба андешаи коршиносони сиёсӣ як қадами хато ҳангоми тасмимгирӣ дар ин ё он масъалаи сиёсии сайёра метавонад вазъиятро даҳчанд мураккаб гардонад. Аз ҷумла, ҳолати чанд соли охир идомадошта дар Ховари Миёна нигаронии кишварҳои ҷаҳонро зиёд намудааст. Бахусус, таъсиси гурӯҳҳои тундрави террористӣ ва анҷоми амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсонии террористон, ки бештар марбутанд ба силоҳдорону пайравони созмони даҳшатафкани ДОИШ дар сарзаминҳои Ироқу Сурия.
Аъзои ин гурӯҳи разолатпеша бо амалҳои нопоку ваҳшиёнаи худ то ҳол «чеҳранамоӣ» карда, рӯзгори сокинони бечораву бегуноҳи Ироқу Сурияро боз ҳам талхтар намуда истодаанд. Ин ҷиноятпешаҳои хунхор давоми чанд соли охир садҳо ва ҳазорон одамони бегуноҳро дастаҷамъона куштаву мавриди таҷовуз қарор додаанд ва қисми зиёди дигарро бехонумон ва сарсону саргардони кӯҳу пуштаву кӯчаҳои бегона гардониданд. Қисмати зиёди дигари сокинони ин кишварҳои аз терроризми сохтаи дасти ғарбиён ҷабрдида муҳтоҷи кишварҳои аврупоӣ гардидаанд. Аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ дар ин чанд соли нооромиҳо зан, кӯдак, пиронсол, маъюб ва дар умум, ҳар касеро, ки хостанд, бераҳмона куштаанд. Боиси таассуф аст, ки ҳамаи ин қатлу куштори худро террористони ДОИШ-ӣ, бо он ки аз дини мубини Ислом бӯе набурдаву аҳкоми шариатро намедонанд, бо шиорҳои исломӣ ва гӯё ба хотири садоқаташон ба дину шариат анҷом додаанд. Дигар ба касе пӯшида нест, ки ин амал кори дасти душманони олами Ислом аст ва он ҳадафмандона нақшарезӣ шудааст. Ин бадхоҳон, ки аз нуфузи Ислом, махсусан, дар кишварҳои ғарбӣ сахт дар ҳарос афтодаанд, мехоҳанд бо ташкили чунин саҳнаҳо онро дар назари мардуми ҷаҳон зишт нишон диҳанд. Аз ҳамин хотир дар бештари ҳолатҳо терроризмро ба Ислом рабт медиҳанд. Вале хушбахтона, боз ҳастанд сиёсатмадорону абармардоне, ки барои исботи ин гумони ботил қадамҳои устувор мегузоранд. Ҷавоби муассиру ҷолибтаринро дар ин хусус ба бадхоҳони Ислому одамият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаанд. Пешвои тоҷикони ҷаҳон борҳо зимни баромаду суханрониҳояшон дар ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, махсусан, зимни суханронӣ аз минбари баланди СММ таъкид доштанд, ки «террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Аз наворҳои ифодагари «корнамоиҳо»-и террористони ДОИШ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пахшгардида медонем, ки аъзои ин гурӯҳ ҳатто модари худро дар мазҳари ом ба қатл расониданд, ки ин амали воҳшиёнаи ғайриинсонӣ намояндагони тамоми дину оинро ба шӯр овард. Ба думболи сару садоҳои мардумӣ дар саросари дунё чанд сол аст, ки кишварҳои абарқудрат гӯё ба хотири мубориза бо терроризм эътилофи ҳарбӣ ташкил намудаву ба муқобили ДОИШ-у дигар гурӯҳҳои ифротгаро дар Ироқу Сурия мубориза бурда истодаанд, аммо ба мисле ки «Зери коса нимкоса»-е мавҷуд бошад, ин гурӯҳ ҳеҷ ба пуррагӣ нобуд нашуда истодааст. Чанд карат ҳукумати Сурия, неруҳои низомии дар хоки ин кишвар қарордоштаи Россия ва эътилофи ҳарбии кишварҳои Ғарб дар алоҳидагӣ, дар хусуси торумори террористони ДОИШ дар Шарқи Наздиқ хабар доданд, вале боз ҳам хабарҳо дар хусуси идомаи амалиёти террористӣ дар ин кишварҳо пахш мегарданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи ин кишварҳо барои пурра нест кардани террористон дар Ироқу Сурия самимона талош надоранд, балки гурӯҳе аз мавҷудияти онҳо манфиатдор ҳам ҳастанд.
Имрӯз, ки доираи амалиёти террористони ДОИШ дар кишварҳои Ироқу Сурия маҳдуд шудааст, пуштибонони ин гурӯҳи ғаддор доманаи фаъолияти онро боз дар нуқтаи дигари доғи саёра – Афғонистон вусъат бахшидан мехоҳанд ва дар пайи ин манфиатҳои дигари иқтисодию сиёсиашонро пиёда карданӣ ҳастанд. Ҳамчунин, роҳ ёфтани баъзе аз гурӯҳҳои дигари пайрави ДОИШ ба кишварҳои шимолии Африқо дар солҳои охир ташвишҳои ҷомеаи ҷаҳониро бештар кардааст. Силсилаи амалҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупову Амрико низ давоми солҳои охир кам набуданд ва ин ҳама аз хатари ҷиддӣ доштани терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, (22 декабри соли 2017) дар алоқамандӣ ба ин мавзӯи доғи ҷаҳонӣ зикр гардид, ки «соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт». Ҳамин аст, ки роҳбари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмадори муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳамаи ҳамоишу чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ пайваста аз кишварҳои сайёра даъват ба амал меоранд, ки дар мубориза бо ин вабои аср аз як гиребон сар бароранд.
Мавриди зикр аст, ки дар фаъолияти гурӯҳҳои ДОИШ истифода аз технологияи информатсионӣ ва интернет нақши калон дорад ва онҳо давоми чанд соли охир бо ин роҳ дар баробари гурӯҳе аз ҷавонони кишварҳо қисме аз ҷавонони моро низ фирефта намуда, ба амалҳои разилонаи худ ҳамроҳ намуданд. Бо дарназардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ бо таассуф аз гароиши баъзе ҷавонони миллати соҳибтамаддун ва хирадманди тоҷик ба чунин гурӯҳҳои террористию душманони дину оин ёдоварӣ намуда, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва раҳму шафқатро талаб менамоянд. Роҳбари давлат ҳамеша аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пойдории сулҳу оромии ҷомеа нақши муносиб гузоранд.
Ҷавонони моро лозим аст, ки аз фазои орому осудаи кишвар истифода намуда, дар пешрафт ва шукуфоии меҳани худ саҳми арзанда гузоранд.
Алишер САИДОВ,
муовини директори
мактаби №71, шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр