Нашрияи Омӯзгор

244 квотаи президентӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, муҳтарам Ёдгор Файзов иттилоъ дод, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти эҳтиёҷоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо кадрҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ квотаҳои президентиро 2 баробар зиёд намуданд. Имсол миқдори квотаҳо барои вилоят ба 224-то расид. Аз ҷумла, барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 94, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 23 нафар, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур 16 нафар ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев 41 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят квотаи Президентӣ мегиранд. Афзудани квотаҳои Президентӣ масъулияти мақомоти дахлдорро дар интихоб ва қабули довталабон даҳчанд зиёд мекунад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш