Нашрияи Омӯзгор

Ҳафтаи китоб анҷом ёфт

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо ташаббуси китобхонаи бачагонаи вилоятӣ, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги вилоят, раёсати маорифи вилоят дар китобхонаи марказии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ба таври тантанавӣ оғоз гардид. Дар он адибон, олимон, аҳли фарҳанг ва омӯзгорону толибилмони  вилоят иштирок карданд. Сардори шуъбаи фарҳанги силоят Сайёд Қурбонмамадов, мушовири китобдори раёсати маорифи вилоят Нуқра Сабзалиева, шоир Хушомади Алидод ва директори китобхонаи вилоятӣ Гулдаста Орумбекова ҳозиринро ба оғози ин маъракаи муҳими фарҳангӣ табрик гуфтанд. Толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 3-и шаҳри Хоруғ ба номи Султон Аноятшоев дар ситоиши китоб порчаҳои насрӣ ва назмӣ қироат намуданд. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш