Нашрияи Омӯзгор

Мақоми нави «Фарҳанг ва санъат» ворид гардид

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2019, №3 ва хулосаи Шӯрои экспертӣ маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ворид намуд.

Маҷалла аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №560, аз 30 апрели соли 2001, бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 даҳ шумораи он ба табъ расид. Шурӯъ аз соли 2017 маҷаллаи  «Олами ҳунар» ба нашрияи «Фарҳанг ва санъат» табдили ном кард.

Дар маҷаллаи «Фарҳанг ва санъат» натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар он мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорон, магистрон, аспирантон ва доктор (PhD) - и донишкада, инчунин, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва кишварҳои ИДМ ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр карда мешаванд.

«Фарҳанг ва санъат»  дар як сол 4 маротиба нашр гирдида, дар мақолаҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангии минтақавӣ, рушди санъати миллӣ, соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ қарор мегиранд. 

Маҷалла аз се бахши илмӣ - фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ, санъатшиносӣ - (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, рақс, хореография) ва китобдорӣ - иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ (журналистика) иборат мебошад.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш