Нашрияи Омӯзгор

Бузургдошти Сайидо

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Дар Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов конфронси илмӣ-адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири маъруфи форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ (дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб») барпо гардид. Дар чорабинӣ адибон, дӯстдорони ашъори дилошӯби шоир, навқаламон, хонандагон, кормандони бахши фарҳанг иштирок доштанд.  Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот дода, аз ашъори нобу дилнишини ӯ намунаҳо қироат карданд. Адиб ва олими шинохта Неъматҷон Набиев дар бораи китоб ва мақому манзалати ӯ, аҳамияти баргузор гаштани чунин чорабиниҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ изҳори ақида намуда, хонандагонро ба илму донишандӯзӣ, дӯст доштани китоб ҳидоят намуд. Мудири шуъбаи тоҷикии нашрияи МИҲД-и ноҳия - «Иқбол» Қурбон Қурбонов дар мавзӯи «Мақом ва мероси адабии Сайидо» суханронӣ карда, ду мухаммаси бар ғазали Сайидо эҷодкардаашро қироат намуд. Саҳначаи «Китоб дӯсти беминнат аст», ки хусусияти тарбиявӣ дошт, пурмазмуну ҷолиб буд. Дар рафти барнома барои болидахотирии иштирокдорон хонандагони мактаби санъати бачагонаи ноҳия суруду оҳангҳои диловези худро пешкаш намуданд.

 

Насимбек ҚУРБОНЗОДА,

узви ИНТ, докторанти ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш