Нашрияи Омӯзгор

Қадами устувор ба оянда

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ зери унвони «Интихоби мутахассиси арзанда» баргузор гардид.

Дар саҳни донишкада намоиши дастоварду ихтирооти устодону донишҷӯён, ҳамчунин, имкониятҳо ва афзалиятҳои 60 коргоҳи вилоят тавассути видеоролик, варақаҳо   ба маъраз гузошта шуданд.

Муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки  роҳбарияти донишкада сол аз сол пояи моддиву техникиро комилтар менамояд. Ҳамчунин, дар омода сохтани мутахассисони арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат саъю талош меварзад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо ин мақсад роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор робитаҳоро мустаҳкам намояд.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, хӯрокворӣ, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”,  коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М”, Бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” ва “Ассотсиатсияи  АББАТ” кафедраҳои сайёри худро таъсис дод.

Нуъмон  Раҷабзода,

Абдусабури АБдуваҳҳоб

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш