Нашрияи Омӯзгор

Фарҳанги истифодабарии иттилоот

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет” баргузор гардид.

Дар он дастурҳои методии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ, дастовардҳои толибилмон ва навгониҳо, идеяҳо, лоиҳаҳо дар самти пешрафти технологияи иттилоотӣ дар саҳнаи бошукӯҳи мактаби Президентии шаҳри Бӯстон намоиш дода шуд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии ТИК Киромиддин Назаров зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории семинари мазкур омӯзиши амиқи фарҳанги истифодабарии иттилоот дар ҷомеа ва шабакаи Интернет мебошад. 

Сипас, маърӯзаи муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ТИК Б.Ғаюров дар мавзӯи “Истифодабарии муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ” шунида шуд. Ҳамчунин, дар рӯзи аввали семинар маърӯзаҳои илмии директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Р. Воситова дар мавзӯи “Технологияи муосир дар самти IT”, мутахассиси Маркази ТИК-и шаҳри Истаравшан “Иттилооти пӯшида ва кушода”, муовини директори Маркази ТИК-и шаҳри Норак Д. Назаров “Доштани фарҳанги иттилоотӣ неъмати Истиқлол аст” шунида ва муҳокима карда шуданд.

Дар рӯзи дуюми семинар фаъолияти Маркази ТИК-и  вилояти Суғд зимни суханронии директори марказ Юсуфҷон Домуллоҷонов мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Нуъмон Раҷабзода

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш