Табиат пур аз ҳусну таровату зебоист ва асрори зиёде низ дорад. Саёҳату гаштугузор дар оғӯши табиат ба кас ҳаловату рӯҳи тоза мебахшад, табъашро болида месозад.
Ҳар фард дар баробари лаззат бурдан аз зебоиҳои табиат мехоҳад, ки оид ба табиат ҳар чӣ бештар маълумот дошта бошад. Табиатро гилу гиёҳҳо, буттаву дарахтон, ҳайвоноту парандагон ҳусн мебахшанд. Таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба табиат, махсусан, хурдтараконро ҳушёру бедор, зебоипарасту таваҷҷуҳманд менамояд. Инро аз суолҳои зиёди онҳо ба мо – омӯзгорон низ метавон дарк кард. Дар синфҳои гуногун хонандагон дар асоси фанҳои табиатшиносӣ, география, биология ва зоология оид ба паҳлуҳои гуногун ва асрори табиат маълумоти васеъ ва бунёдӣ пайдо мекунанд, вале хурдтаракон чун табиатан кунҷкобанд, мехоҳанд ин ё он нуктаи муҳимро дар бораи табиат барвақттар донанду фаҳманд. Аз ин рӯ, дар лаҳзаҳои мувофиқи дарсҳо дар синфҳои ибтидоӣ оид ба табиати диёр ба шогирдон маълумоти ҷолиб ва фаҳмрас дастрас намудан амали хеле муфид хоҳад буд. Масалан, дар чанде аз чунин лаҳзҳо оид ба парандагон маълумот ироа кардан писанди хонандагон хоҳад гашт. Яке аз парандагони машҳуру хушхон ва бештар паҳнгаштадар олами табиати диёри мо булбул мебошад. Ҳикоятро дар бораи ин паранда хонандагон бо шавқ гӯш мекунанд. Булбул номҳои дигар ҳам дорад: андалеб, мурғи чаман, ҳазор, ҳазордастон… Он парандаи хурдҷусса буда, овози хеле форам дорад. Дарозии бадани булбул то 19 см, болаш то 9 см ва вазнаш то 25гр мебошад. Зимистонро дар кишварҳои иқлимашон гарм гузаронида, тобистон ба мамлакатҳои хуштабиат, аз ҷумла, Тоҷикистон парида меояд. Булбулҳо одатан дар мавзеъҳои дарахтзор, соҳили дарёҳо, боғу марғзорҳо ва дар чакалакҳо ҷойгузин мешаванд. Бештар дар замин – дар бехи буттаҳо то 4-5 дона тухм гузошта, наслашонро идома мебахшанд. Ин парандаи хушнаво ҳашароти зараррасони дарахтонро нест карда, ба боғу токпарварӣ фоида мерасонад.
Олимони табиатшинос таъкид кардаанд, ки ягон парандаи дигари хушовоз бо булбул рақобат бинмуда наметавонад. Чаҳчаҳи булбул то 24 рангу тобиши овозиро фаро мегирад. Булбул дар адабиёти бадеӣ аз тарафи шоирон ҳамчун образи бадеӣ васеъ истифода мешавад. Онро тимсоли ишқу вафодорӣ, овози хушу савти дилкаш ва баҳору зебоӣ медонанд. Вожаи булбул ҳанӯз дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ ҷой доштааст, ки ба ин байти зер гувоҳ аст:
Булбул ҳамебихонад дар
шохсори себ,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро
шуда муҷиб.
Ин байти зебои халқия-монанд ба устод Мирзо Турсунзода мутааллиқ аст:
Баҳор омад, садои булбул
омад,
Насими фораму бӯйи гул омад.
Дар ашъори шоирони тоҷик образи гулу булбул машҳур мебошад ва рамзи ишқу вафодорист. Баъзе одамон аз рӯи муҳаббат ва эътиқод ба савти хуши ин парандаи зебову хушхон фарзандашонро Булбул ном мениҳанд…
Ин ҳама маълумотро дар бораи як парандаи машҳури табиат хонандагон бо шавқу завқ хоҳанд шунид.
Никзан
МАМАДИЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр