Бо такя ба таҷрибаи бисту ҳафтсолаи фаъолияти хеш ба ҳайси омӯзгори забони русӣ мехостам оид ба баъзе паҳлуҳои раванди тадриси фанни мазкур, махсусан, тарзи ба вуҷуд овардани муҳити созгору самарабахши таълимӣ ибрози ақида намоям.
Айни замон аксари ҳамкасбонам истифодаи китобҳову рисолаҳои таълимию методӣ, маводи аудиоиву видеоиро барои боло бурдани сатҳи забондонии шогирдони хеш огоҳона ва бо маҳорати баланд мавриди истифода қарор медиҳанд ва албатта, ин усули самаранок аст. Вале истифода аз чунин воситаҳо ҳанӯз роҳи ягонаи таълими забони русӣ намебошад.
Зеро ки воситаҳои номбурда ҳеҷ гоҳ ҷойгузини муоширати бевосита ва озодонаи байни омӯзгору шогирдон ва байни худи хонандагон дар ҷараёни тадриси забони русӣ шуда наметавонанд.
Аз нигоҳи ман, қабл аз ҳама ду омиле, ки аз хулқу атвор ва одоби омӯзгор сарчашма мегиранд: меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба ҳар як шогирдаш ва шавқи беандоза ба касби хеш, қодир ҳастанд самаранокии раванди тадриси ҳамагуна фанни таълимӣ, аз ҷумла, фанни забони русиро таъмин кунанд.
Маҳз ин ду унсур ҳар як омӯзгорро, новобаста ба синну сол ва собиқаи кории ӯ, водор месозанд, ки ба хотири саводнок ва забондон гардонидани шогирдонаш пайваста сатҳи касбияти худро мутобиқи талаботи замон нигоҳ дошта тавонад.
Муҳаббат ва самимияти омӯзгори асил дар раванди тадрис муҳити меҳрофарро тавлид мекунанд. Чунин муҳити созгор дар навбати худ тарзи нави таълими озодро ба вуҷуд меорад ва ташаккул медиҳад. Таълими озод метавонад усули анъанавии ташкили дарсро аз байн барад. Шогирдон дар чунин машғулиятҳои дарсӣ худро озод ҳис мекунанд, хештанро дар баробари устодашон мебинанд, озодона ҳарф мезананд, дар заминаи баҳсу мунозира эҷодкорӣ мекунанд ва доираи муҳити забономӯзии хешро васеътар мегардонанд. Инро метавон тадриси зиндаи забони русӣ номид ва он натиҷаҳои хуберо, аз қабили бурро гардидани нутқи шогирдон, аз байн рафтани садди забонӣ зимни муошират ва наҳаросидани шогирдон аз суҳбат бо ҳамдигар ва бо омӯзгор ба бор меоварад.
Аз ин ҷост, ки аксари омӯзгорони фанни забони русӣ усули номбурдаро як усули шавқовар меҳисобанд ва аз он бо камоли майл истифода мебаранд.
Ҳамзамон, тадриси озоди забони русӣ аз омӯзгор истифодаи огоҳона ва моҳиронаи усули суҳбати зиндаро тақозо менамояд.
Суҳбати зинда шогирдонро фаъол мегардонад. Аслан зимни истифодаи ин усул омӯзгор дар баробари ба шогирдон додани маълумоти нав, онҳоро водор месозад, ки мавзӯъҳои гузаштаро низ ба хотир биёранд ва атрофи онҳо андешаронӣ кунанд.
Ба андешаи ман, натиҷаҳои фаъолияти мо, омӯзгорони фанни забони русӣ, дар самти забондон гардонидани шогирдонамон боз ҳам самарабахш-тар мегардиданд, агар волидайн ва аҳли ҷомеа, алалхусус, кормандони воситаҳои ахбори омма дар ин роҳ моро бештар ҳамроҳӣ мекарданд ва ҳам дар хонаву ҳам дар ҷомеа муҳити воқеан хуби мусоидаткунанда ба маърифати забономӯзиро ба вуҷуд меоварданд.
Махсусан, волидайни хонандагон ва воситаҳои ахбори омма метавонанд дар тақвият бахшидани майлу рағбати забономӯзӣ ва забондонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳиссаи сазовор гузоранд.
Фароҳам гардонидани шароити мусоиди забономӯзӣ дар оила барои наврасону ҷавонон даҳҳо маротиба аз панду андарзи волидон роҷеъ ба зарурату аҳамияти донистани забони русӣ беҳтару муфидтар аст.
Аз ҷониби дигар, ба манфиати кор мебуд, агар Муассисаи давлатии Телевизиони «Баҳористон» дар ҳамдастӣ бо омӯзгорони соҳибтаҷриба ва коршиносони соҳа роҷеъ ба усулҳои фаъоли таълими забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз он ҷумла, забони русӣ бо ширкати хонандагони наврас барномаҳои ҷолиб таҳия менамуд.
Дар ҷаҳони имрӯза донистани забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки насли навраси мо ба раванди ҷаҳонишавӣ огоҳона ворид гардад.
Гулчеҳра ПИРАКОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти руси гимназияи №74-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр