Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои инкишофи нутқи шифоҳӣ

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба истиснои муассисаҳои таълимии махсус, омӯзиши забони англисӣ аз синфи се шурӯъ мешавад.

Мутаассифона, ҳолатҳое мушоҳида мегарданд, ки хонандагони синфҳои болоӣ баъди 7-8 соли омӯзиши забони англисӣ наметавонанд, ҳатто як ҷумлаи комилро бо забони англисӣ баён намоянд. Ба андешаи ман  ин чанд сабаб дорад:

- норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба, яъне, омӯзгорони касбӣ;

- зуд-зуд иваз шудани омӯзгорони забони англисӣ дар як муассисаи таълимӣ;

- ба пуррагӣ таъмин набудани муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои аёнии муосир (пеш аз ҳама кабинетҳои лингофонӣ);

- эҳсоси нобоварӣ дар хонандагон.

Ин ҷо танҳо чаҳор омилро номбар кардем, вале шумораи онҳо аз ин рақам хеле бештар аст.

Барои инкишофи нутқи шифоҳии хонандаҳо нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Омӯзгор барои шогирдон намунаи ибрат буда, барои ҳамин бояд пайваста дар ҷустуҷӯ бошад. Аз охирин хабарҳои олами муд, техника ва технология, варзиш, мусиқӣ ва тиб хабардор бошад, то барои хонандаҳо  ҳамсуҳбати хуб ба ҳисоб равад. Ҳамавақт аз шогирдон як қадам пеш ҳаракат намояд. Ба худ ва қобилиятҳои худ боварӣ дошта бошад ва дар хонандаҳо завқу шавқи забономӯзиро бедор намояд.

Гурӯҳе аз мутахассисон ба ин ақидаанд, ки хонандагон забони хориҷиро бояд на барои «муҳим» буданаш омӯзанд, балки дарк намоянд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ як кори ҳаловатбахшу шавқовар аст. Барои шавқу рағбати хонандагонро бедор кардан омӯзгорони забони хориҷӣ ва маъмурияти муассисаҳоро зарур аст, ки ба ороиши синфхонаи забони англисӣ, сифати воситаҳои аёнӣ, аксҳо, видеоҳо, мусиқӣ ва ҳамчунин шеваи навишт дар тахтаи синф ва дафтарҳо аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Ҳамаи ин бояд тавре пешниҳод шавад, ки хонанда ба омӯзиши забони англисӣ  ҳавасманд гардад.

Яке аз роҳҳои муосири рушди нутқи шифоҳии хонандаҳо истифодаи садо ва видео аст. Барои инкишофи нутқи шифоҳӣ ва озодона суҳбат кардан бо забони англисӣ бояд бештар маводи омӯзишӣ, монанди суҳбатҳо (диалог), матнҳо, қиссаҳоро дар шакли садо ва видео гӯш ва тамошо кард. Агар видеоҳо субтитр ё зерматн дошта бошанд, ба манфиати кор аст.

Ҳамчунин омӯзгор бояд ба хонандаҳо имкон бидиҳад, ки бештар суҳбат кунанд, бо роҳи муколама ва гуфтугӯ нутқи хонандаҳо инкишоф меёбад.

Роҳандозии бозиҳои шавқовар низ хонандаҳоро ба суҳбат кардан ва рушд додани нутқи шифоҳияшон водор месозад.

Дигар ин ки аз худ кардани ибораҳои бештар аз ҷониби хонандаҳо сабаби ғанӣ гардидани фонди луғавии онҳо ва ҳамсуҳбати хуб шуданашон мегардад. 

Пайдо кардани ҳамсуҳбатони хуб як василаи муҳимми инкишофи нутқи шифоҳӣ махсуб меёбад. Дар ин ҷо нақши маҳфили забони англисӣ метавонад калидӣ бошад. Дар доираи ин маҳфил хонандаҳо дар мавзӯъҳои гуногун суҳбат карда, пеш аз ҳама тарс ва нобоварӣ ба худро аз байн мебаранд.

Чанд нуктае ки ин ҷо ба сифати роҳҳои муосири инкишофи нутқи шифоҳии хонандаҳо таъкид шуд, усулҳои хеле муассир ва сода ҳастанд, ки ҳар омӯзгор метавонад аз онҳо истифода кунад.

 

Марҷона Наимова,

омӯзгори забони англисии

мактаби  №21, ноҳияи Файзобод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш