Нашрияи Омӯзгор

Таҳлили дарс

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 829        Шарҳ: 0

Иштирок дар дарсҳои ҳамдигар ва таҳлили он дар ҷараёни фаъолияти педагогӣ моҳияти басо бузург дорад. Барои омӯзгори навкор тасаввурот пайдо кардан доир ба тарзи таҳлили дарс аз манфиат холӣ нест.

Таҳлили дарс-ин санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулияти таълимӣ, дониш ва маҳорати педагогии омӯзгор аст.

Одатан таҳлили дарси омӯзгорон дар чунин мавридҳо амалӣ мегарданд:

1. Ҳангоми назорати роҳ-барони муассиса ба сифати таълим, дониш ва маҳорати омӯзгор;

2.  Бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи кории омӯзгор.

3.  Мавриди таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

4. Ҳангоми шинос шудан ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами  омӯзгорони варзида.

Ҳангоми таҳлили дарс фаъолияти омӯзгор ва хонандагон ба ҳисоб гирифта мешавад. Дарс аз ҷиҳатҳои илмӣ, услубӣ, психологӣ ва тарбиявӣ таҳлил карда мешавад. Дар таҷрибаи муассисаҳои таълимии миёна бештар намунаи зерини таҳлили дарсҳо дида мешавад:

1. Мазмун ва мундариҷаи дарс - Дуруст ва аниқии воқеаҳои таърихӣ, таҳлил, муҳокима ва баҳодиҳии ҳодисаҳо;

2. Хусусияти услубии дарс- Шакли услубии дарс, мақсад ва вазифаҳои он, тавсифи қисмҳои алоҳидаи дарс;

3. Рафтори омӯзгор - Дараҷаи шиносоии омӯзгор бо хонандагон, алоқа бо синф, роҳбарӣ аз болои синф, тартиб ва интизоми аҳли синф. Худидоранамоӣ, риоя намудани овоз, имо ва ҳаракатҳои омӯзгор дар синф, шакли зоҳирии омӯзгор;

4. Тавсифи рафтори хонандагон дар дарси таърих - Омодагии хонандагони синф (донишу маҳорати онҳо, рафтору шавқу ҳаваси онҳо, хислатномаи хонандагони аълохон, хубхон, миёнахон ва бадхон);

5. Хулосаи таҳлил - Баҳогу-зорӣ ба сифати дарс ва фаъолияти омӯзгору хонандагон.

Услуби таҳлили дарс қоидаҳои худро дорад. Алалхусус, донистани ин қоидаҳои тиллоӣ барои таҷрибаомӯзии педагогӣ зарур мебошад, ки онҳо одатан ба дарсҳои якдигар дохил гардида, фикру ақидаҳояшонро бояд дар бораи дарс баён карда тавонанд. Пеш аз ҳама, барои иштирок дар дарсҳои ҳамдигар аз эшон бояд қаблан иҷозат гирифт.(Ҳар як омӯзгор ҳуқуқ дорад, ки касеро дар дарси худ роҳ надиҳад). Шахсе, ки дарсро назорат мекунад, бояд бо мазмуну мундариҷаи мавзӯъ, пурсиши вазифаи хонагӣ ва мавзӯи нав шинос бошад.

Дар мавриди таҳлили дарси омӯзгор иштироккунанда бояд ба масъалаҳои зерин диққати махсус диҳад:

1. Дар ҷараёни дарс истифодаи қоидаҳои илмият, пайдарҳамӣ, алоқамандии назария бо амалия, истифодабарии аёният, муносибати инфиродӣ бо хонандагон, муташаккилӣ, шуурнокӣ ва фаъолнокии шогирдон;

2. Риоя намудани қоидаҳои махсуси услубӣ - диққат додан ба ифоданокӣ ва дурустии нутқ, алоқамандии нутқи шифоҳӣ бо нутқи хаттӣ, баҳисобгирии хусусиятҳои забони модарӣ;

3. Масъалаҳои тарбиявӣ- дар ҷараёни дарс инкишофи рағбат ва шавқу завқ ба омӯзиши фанни таърих;

4. Бо барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии муосир кор карда тавонистан, дар давоми дарс ба вуҷуд овардани вазъиятҳои проблемавӣ- тадқиқотӣ, инкишоф додани маҳорати фикрронии мустақилонаи хонандагон;

5. Шаклҳои мухталифи дарсро ташкил карда, гузаронида тавонистани омӯзгор ба монанди: дарси баёни мавзӯи нав, дарси мустаҳкамкунӣ, маҳорат ва малака, дарси такрорӣ - ҷамъбастӣ, дарси амалӣ, дарси санҷишӣ- тестӣ ва ғайраҳо;

6. Намудҳои санҷиши вазифаи хонагӣ (хаттӣ, интихобӣ, ҳамдигарсанҷӣ, санҷиши дониш бо ёрии варақаҳо ва ғайраҳо.)

7. Кор доир ба омӯзиши маводи нав бо ёрии усулҳою услубҳои гуногун: суҳбат, ҳикоя, кори мустақилонаи хонандагон, таҳлили сарчашмаҳо, кор бо адабиётҳои иловагӣ, ҳалли масъалаҳои проблемавӣ ва ғайраҳо;

8. Таносуби дурусти на-мудҳои корҳои шифоҳӣ ва хаттӣ: луғатнависӣ, тартиби ҷадвалҳои муқоисавӣ;

9. Интихоби маводи иловагӣ бо баҳисобгирии душвориҳои ба омӯзиши маводи таълимӣ вобаста, аёният, алоқамандкунӣ бо замони муосир ва пешкаш намудани маводҳои шавқовару диққатҷалбкунанда;

10. Ташкили корҳои хаттӣ дар раванди баёни мавзӯи нав;

11. Усулҳои ислоҳи хатоги-ҳои хонандагон дар раванди дарс ва нутқи онҳо;

Ҳамин тавр, таҳлили дарс ин муҳокимаи сифатии технологияи  касбии омӯзгор мебошад, ки ташкилу гузаронидан ва мазмуну услуби моҳияти дарсро ташкил менамояд. Таҳлили дарс аз ҷониби ташкилкунанда, гузоришдиҳанда ва ҳамчунин, иштироккунандагони он амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни таҳлил ҳам тарзи гузаронидани дарс аз аввал то ба охир ва сифати касбии омӯзгор (сару либос, маданияти нутқ, дониш, доираи ҷаҳонбинӣ ва маданияти муносибат бо хонандагон) дида баромада мешавад.

 Хурсандбой Одиназода,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи мактаби № 42-и

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш