Нашрияи Омӯзгор

Ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Дар муассисаи таълимӣ  ба таври маъмул таълиму тарбия ба гунаи пайваста ва омехта роҳандозӣ мешавад. Агар тарбия мукаммал набошад, таълим пурра буда наметавонад ва  баръакс. Аксари мактабшиносон дар ин раванд ба тарбия афзалият мебахшанд.

Дар муассиса, илова бар он ки ҳар як дарс ҷиҳати тарбиявӣ дорад, вобаста ба ин масъала чорабиниҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Қисми зиёд ва бештар таъсирбахшу пурмуҳтавои ин чорабиниҳо  машғулиятҳои беруназсинфию беруназмактабӣ мебошад. Дар заминаи ҷамъбасту таҳлили омӯзгор  хонандагон сари як фаҳмиши дуруст ва комил қарор мегиранд. Ҷаҳонбинии хонандагон, рушди маънавии онҳо ва нутқи шифоҳиашон инкишоф меёбад. Омӯзгор бояд мавзӯи мубоҳисаро дуруст ва ҳадафмандона интихоб намояд. Дар раванди супоришҳои хонагӣ, маълумоти дар рафти дарс ҳосил кардани хонандагон такмил дода мешавад. Омӯзгор вобаста ба ҳар як мавзӯъ тайёрии пухта дида, барои дарс асбобҳои аёнии заруриро як ё ду намуд интихоб намуда, ба хонандагон пешкаш намояд.

Агар дар муассиса маҳфилҳо доир ба фанҳо бошанд, омӯзгор бояд аз рӯи нақшаи тартибдодааш амал намояд. Дар муассиса аз рӯи нақшаи додашуда ҳафтае як маротиба дарс гузаронида мешавад. Агар дар муассиса маҳфили физикӣ ташкил карда шавад, мумкин аст, ки сафи ҳавасмандон зиёд шавад, барои ҳамин мудири озмоишгоҳ ё омӯзгори фаннӣ бо ҳам якҷоя шуда, аз рӯи нақшаи корӣ доир ба ҳар як боб, ки аз синфи 7 то синфи 11-ро дар бар мегирад, дарс мегузарад. Агар мо аз физикаи синфи 7 мавзӯи «Кор ва тавоноии энергия»-ро гирем, он аз 11 мавзӯъ иборат мебошад. Масалан, дар таҳти калимаи кор мо ҳар гуна меҳнати фоиданокро мефаҳмем. Агар мо дар маҳфил ба аъзои маҳфил ин мавзӯъҳоро гузарем, ин мавзӯъҳо ҳар рӯз ва ҳар соат ба мо вомехӯранд. Масалан, ҳангоми бардоштани санг бо таъсири қувваи мушакҳои даст кори механикӣ иҷро мешавад. Қувва бошад, кӯчиш набошад, кор иҷро намешавад. Кори механикӣ ҳамон вақт иҷро мешавад, ки ба ҷисм қувва таъсир кунад ва ҷисм ба ҳаракат дарояд. Механизмҳои соддаро аз замонҳои қадим инҷониб, инсон барои иҷро кардани кори механикӣ истифода мекунад. Механизмҳои содаро дар асбобҳои рӯзгор ва мошинҳои мураккаби заводу фабрикаҳо дидан мумкин аст.

Масалан, ҷисме, ки нисбат ба замин бардошта шудааст, дорои энергияи потенсиалӣ аст, зеро энергияи ҷисм ба вазъияти байниҳамдигарии он ба замин ва ҷозибаи байниҳамдигарии онҳо вобаста аст. Ин мавзӯъҳое, ки аз синфи 7 гирифта шудаанд, дар маҳфил аз синфи 7 то 11 иштирок мекунанд, аллакай ба онҳо маълум аст, ки мо дар синфи 7 кор ва тавоноии энергияро омӯхта будем, акнун дар синфи 10 дар боби қонунҳои бақо дар механика васеътар бо тавоноӣ, энергия, энергияи потенсиалӣ, энергияи кинетикӣ ва қонуни бақои энергия шинос мешавем. Аллакай хонандагон дар бораи ин мавзӯъҳо тасаввурот доранд, ки мо дар синфи 7 медонем. Мафҳуми кор дар физика қадре дигар аст. Ин бузургии физикиест, ки барои чен кардани воҳидҳои махсус хизмат мекунад. Фикран тасаввур кардан мумкин аст, ки бе иштироки қувва ҷисм ҳаракат намекунад, дар ин маврид кори механикӣ иҷро намешавад. Бе таъсири қувва ба ҷисм ҳам кор иҷро намешавад. Агар мо дар синфи 8 ҳодисаҳои энергияи магнитиро омӯзем, дар синфи 9 ин боз ҳам васеътар нишон дода шудааст. Агар ҳар ҳафта доир ба ҳар як боб ба хонандагон дарс гузарем ва шароит муҳайё бошад, аллакай хонандагони синфи 10 ва 11 медонанд, ки дар синфи 8 мо ба ин мавзӯъҳо шинос будем.  Барои хонандагонро ба маҳфил ҳавасманд кардан баъди ҳар як боб бояд корҳои лабораторӣ ва дарсҳо бо асбобҳо гузаронида шавад то ки хонандагон донанд, дар ҳақиқат ин гуфтаҳо дуруст ҳастанд.

 

Бегалӣ Шарифов,

омӯзгори физикаи мактаби №21, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш