Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» аз 29 ноябри соли 2017, №544 ба такмили сифати таҳсилот нигаронида шудааст. Омӯзиш ва таҳлили вазъи таълими фанҳои табиатшиносӣ дар марҳилаи аввали амалишавии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмю тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015» нишон дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон дар зарфи панҷ сол 2003 кабинети таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки 73,6%-и нақшаи Барномаи мазкурро ташкил медиҳад.
Аз ин 941 адад кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тааллуқ дорад, ки 76,7% иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ бо пуррагӣ иҷро нагардид. Аз ин лиҳоз, зарурияти такмили Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба миён омада, барномаи нав барои солҳои 2018-2020 қабул гардид. Омӯзиши татбиқи барномаи нав дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб нишон дод, ки дар муддати якуним сол сифати таълим ва муҷаҳҳаз кардани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ такмил ёфта, вазъи таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ сифатан беҳтар гардидааст. Ҳамчунин, таҳлилҳо баёнгари онанд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаҳои маорифи баъзе шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то ба имрӯз барои ташкилу таъсиси кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ маблағҳои муайян ҷудо нагардидааст. Тибқи нақшаи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 » мебояд дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар солҳои 2018-2020 300 адад кабинети фаннӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 31, Восеъ 29, Ҳамадонӣ 30, Фархор 34, Балҷувон 26, Ховалинг 31, Муъминобод 30, Шамсиддини Шоҳин 30, Темурмалик 26 ва Данғара 33 кабинети фанҳои табиӣ-риёзӣ ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида мешуданд. Чаро барнома дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба таври бояду шояд иҷро намегардад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан мо ба шуъбаҳои маорифи баъзе аз шаҳру ноҳияҳои минтақа муроҷиат кардем.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Ш. Шоҳин дар самти амалишавии барномаи мазкур корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Дар соли 2018 дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақшаи барнома муҷаҳҳазгардонии 4 адад ва дар соли 2019 бошад, 12 адад кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Аз соли 2018 то имрӯз 1 кабинети физика дар муассисаи таълимии №9 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илм ва 2 кабинети технологияи информатсионӣ дар муассисаҳои таълимии №2 ва 15 бо маблағгузории сайёҳони хориҷӣ аз кишвари Олмон ташкил карда шудааст, ки иҷрои нақшаро 75% ташкид медиҳад. Мутаассифона, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти амалӣ намудани барномаи мазкур то ба имрӯз маблағ ҷудо нагардидааст. Ҳамаи корҳои иҷрогардида дар доираи маблағгузории сарикасии барои муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расонида шудааст.
Дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ҷиҳати амалӣ намудани барнома аҳмияти махсус дода мешавад. Тибқи қарори раиси ноҳия нақшаи дурнамои амалишавии барномаи мазкур ба тавсиб расидааст ва барои иҷро ба ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас шудааст. Аз ин рӯ, вазъи ташкили кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар ноҳия беҳтар гардидааст ва дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб намунаи ибрат маҳсуб меёбад. Дар самти амалӣ намудани барномаи мазкур, ёриву дастгирии молиявии шуъбаи молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, барои харидорӣ намудани воситаҳои техникии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо маблағи муайяне ҷудо шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб дар самти амалишавии иҷрои барнома қарори мушовараи раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва нақшаи чорабиниҳо ба тасвиб расида бошад ҳам, иҷрои он ба талабот ҷавобгӯ нест. Тайи солҳои 2018-2019 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои амалӣ намудани барномаи мазкур ба муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот маблағ ҷудо нашудааст. Бояд қайд кард, ки тибқи нақшаи барнома дар соли 2018 муҷаҳҳазгардонии 6 адад, соли 2019 11 адад ва соли 2020 14 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз ҳалли худро наёфтааст.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод тибқи нақша дар солҳои 2018-2020 бояд 30 кабинети таълимӣ ва озмоишгоҳҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ташкил карда шавад. Дар давоми солҳои 2018-2019 8 кабинети фаннӣ ва 2 озмоишгоҳи таълимӣ таъсис ва бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудааст. Дар татбиқ намудани ҳадафҳои барнома ҳиссаи сохибкорони маҳаллӣ чашмгир аст. Чунончи, дар гимназияи Боғи Ҳабиб бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ С. Салимзода кабинетҳои фанни физика, химия ва биология таъсис дода шуда, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ таъмин карда шудааст.
Бо маблағгузории соҳибкор С. Ҷаъфаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 кабинети технологияи информатсионӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ва 13 адад компютер бо маблағи 35 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст...
Новобаста ба ин, бо камбудии маблағ нарасидани воситаҳои аёнӣ ва техникӣ дар қисми зиёди муассисаҳои таълимии ноҳия дида мешавад. Тавре мушоҳида мегардад, дар мавриди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ҳанӯз камбудиҳо вуҷуд доранд. Бинобар ин, масъулини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр