Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони ҷаҳонишавӣ хеле муҳим аст. Он нафаре дар ҷомеаи муосир мавқеи шоиста пайдо мекунад, ки ду – се забони хориҷиро медонад ва давлату миллати азизизамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Барои омода намудани хонандагони забондону донишманд ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба такомули забондонии хонандагон мусоидат намуданд, вале ҳанӯз мушкилот дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавҷуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш (26.12.2018) таъкид доштанд: “Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем».
Дар робита ба ин, вобаста ба мушкилоти омӯзиши забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ суҳбате доштем бо номзади илми филология, дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Алиҷон Бойматов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Устоди азиз! Чунонки медонем, Барномаи давлатии таълими забонҳои англисӣ ва русӣ барои омӯзиши пурсамари забонҳои мазкур имконоти зиёд фароҳам овардааст. Мегуфтед, ки талаботи бандҳои барномаи мазкур то кадом андоза иҷро гардидаанд?
– Мо, мутахассисони забони англисӣ ва русӣ аз ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мавқеъ ва аҳамияти омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар кишвари азизамон ифтихор дорем.
Воқеан, 4 апрели соли 2003 Фармони Сарвари давлат оид ба зарурати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва технологияи компутерӣ дар макотиби ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ ва олии касбӣ содир шуд. 2 декабри соли 2003 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардондани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои солҳои 2004 -2014” қабул карда шуд.
Дар даҳ соли сипаришуда (2004-2014) татбиқи аксари бандҳои барнома ба анҷом расид. Омӯзиши забони англисӣ аз синфи 3 оғоз ёфт. Дар ин замина китобҳои гуногуни таълимиву методӣ оид ба омӯзиши забони англисӣ аз ҷониби олимону мутахассисон таҳия гардид.
Сипас, марҳилаи дуюми Барномаи давлатӣ оид ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои солҳои 2015 – 2020 оғоз шуд.
Соли чорум аст, ки Барномаи давлатии таълими забонҳои англисиву русӣ барои солҳои 2015-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ амалӣ гардида истодааст.
– Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи таълими забонҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Ба андешаи шумо, сабабҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани сатҳу сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар чист?
– Дар ҳақиқат, арзёбии Пешвои миллат доир ба вазъи таълими забонҳои хориҷӣ моро ба ҷустуҷӯи тадбирҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим даъват мекунад. Мутаассифона, вазъи таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қаноатбахш нест. Ман ҳамчун методист дар ин раванд якчанд сабабу омилро мебинам.
Якум, нокифоя будани соатҳои дарси забони англисӣ дар мактабҳо; ду соат дар як ҳафта кам аст.
Дуюм, аксари омӯзгорони забони англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз усули грамматикӣ-тарҷумавӣ ва муқоисавӣ –шуурнокии таълим дарс медиҳанд, ки ин усулҳо кайҳо куҳна шудаанд. Мақсади асосии дарси забони англисӣ ташаккул ва инкишофи малака ва маҳорати муошират аст. Мутаассифона, бештари омӯзгорон дар дарсҳо бо хониши матнҳо ва тарҷумаи онҳо машғуланд, ки ин маҳорати муошират дар хонандагонро бедор карда наметавонад. Ҳоло дар бештари давлатҳои ҷаҳон омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар асоси муносибати муоширатӣ дар таълим амалӣ мегардад, ки ин усули пешрафта дар фаъолияти омӯзгорони забони англисии кишвари мо ба мушоҳида намерасад. Мо, омӯзгорон, бояд ҳамқадами замон бошем ва аз воситаҳои техникии муосир босамар истифода намоем. Дар замони муосир олимон-методистон таъкид мекунанд, ки мақсади асосии таълими забони хориҷӣ на танҳо соҳиб шудан ба салоҳияти муоширатӣ, балки ташаккул ва инкишофи салоҳиятии “муколамаи фарҳангҳо” маҳсуб меёбад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки китоби дарсӣ дар раванди таълим аҳамият ва мавқеи ҳалкунанда дорад. Таҳлили китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфҳои 3-11 - и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нишон медиҳад, ки китоби дарсии забони англисӣ барои синфи 3 (муаллиф А. Саидов) ба назарияи илми методика, ба андешаи мо, ҷавобгӯ нест. Дар китоби мазкур мундариҷаи таълими маводи фонетикӣ, лексикӣ ва грамматикӣ ва маводи чор рукни фаъолияти муоширатӣ дуруст интихоб нашудааст ва пайиҳамии онҳо ба талаботи илми методикаи таълим мувофиқат намекунад. Китоби дарсии забони англисӣ барои синфи 4 такмил мехоҳад. Китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфҳои 5-11 аз ҷониби олимони варзида П. Ҷамшедов ва С. Ҷоматов аз нав таҳия шуда истодаанд. Умедворем, ки дар ин китобҳои дарсӣ тадқиқоти илмии методикаи муосири солҳои охир ба назар гирифта мешавад. Бояд назария ва амалияи таҳияи китобҳои дарсии забони англисӣ аз 4 қисм иборат бошад: 1. Китоби дарсӣ барои хонандагон: (Pupils’ book); 2. Китоби англисӣ барои омӯзиш дар хона (Workbook): 3. Роҳнамои таълим ба китоби дарсӣ (Teacher’s Book); 4. Дастурамал барои машқҳои мустақилона (Audio and video Book).
Боз як сабаби паст будани таълим ба зергурӯҳҳо тақсим нашудани хонандагони синфҳо дар дарси забони англисӣ ба ҳисоб меравад, зеро омӯзондани забони хориҷӣ ба 25-30 нафар хонанда манфиатбор нест. Мушкилоти дигар, истифода накардани аксари омӯзгорон дар дарсҳо аз тахтаи электронӣ, слайдҳо, филмҳои тасвирӣ ва аёният ба ҳисоб меравад.
– Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, хусусан, деҳоти дурдаст баҳри таълими забони англисӣ шароитҳо аз қабили кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, синфхонаҳои лингофонӣ ва ғайра мавҷуд нестанд. Ин магар ба сифати таълими забони англисӣ таъсири манфӣ намерасонад?
– Албатта, таъсири манфӣ мерасонад, вале онҳо васоити таълимии ёрирасонанд. Омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим дигар кардани усули таълим аст, яъне, усули муоширатии таълими забони хориҷиро ба раванди таълим бояд ҷорӣ намуд. Муносибати салоҳиятнокӣ талаб мекунад, ки дар дарсҳо хонанда дар меҳвар қарор дошта бошад, ки ба рушди малакаву маҳорати эҷодкорӣ, тафаккури интиқодӣ ва мустақилияти онҳо мусоидат мекунад.
– Аз хусуси норасоии мутахассисони варзида, омӯзгорони забони англисӣ имрӯз зиёд сухан мегӯянд. Айб дар ош аст ё дар мош? Макотиби олӣ дар омода намудани омӯзгорони ҷавон то чӣ андоза ба муваффақият ноил гардидаанд?
– Омода намудани омӯзгори забони англисӣ ба дӯши факултаҳои забонҳои хориҷии мактабҳои олии кишварамон гузошта шудааст. Ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи низоми кредитии таҳсилот амалӣ мегардад. Дар ин самт дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ба дастовардҳои таълимиву методӣ, илмӣ – назариявӣ ва тарбиявии назаррас ноил шуда истодаанд.
Бо вуҷуди ин, дар ташкили раванди таълим баъзе камбудиҳо ба чашм мерасанд. Аз таҷрибаи 50 – солаи кориам гуфта метавонам, ки соатҳои таълимӣ ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ, амсоли амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ (АНШХ), фонетикаи амалии забони англисӣ, грамматикаи амалии забони англисӣ тибқи нақшаҳои таълим солҳои охир кам гардиданд. Худатон фикр кунед, оё се соати дарси АНШХ дар як ҳафта барои инкишофи малака ва маҳорати ҳарфзанӣ, хониш ва нутқи хаттӣ барои курси 2 кофӣ аст? Албатта, не.
Гузашта аз ин, натиҷаи саволнома оид ба интихоби касби омӯзгори забони англисӣ байни донишҷӯёни курси якуми ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров маълум гардид, ки 36% – и донишҷӯён ба таври ихтиёрӣ ба хоҳиши худ, 46% – и донишҷӯён бо хоҳиши волидайн ва 28% – и донишҷӯён барои гирифтани дипломи олӣ ва ба хотири аз хизмати ҳарбӣ халос шудан дохил шудаанд.
Сабаби дигар дар омода кардани омӯзгори забони англисӣ ин омӯзиши баъзе фанҳои назариявӣ аз забони англисӣ, амсоли назарияи фонетикаи забони англисӣ, назарияи грамматикаи забони англисӣ, услубшиносӣ, луғатшиносӣ, назария ва амалияи тарҷума ба фикрам, барои омӯзгори мактаби миёна дорои дараҷаи бакалавр он қадар зарур нестанд. Ин фанҳои назариро дар магистратура хондан дуруст аст. Аз фанҳои назариявӣ фанни типологияи муқоисавиро омӯзонидан ба мақсад мувофиқ аст.
Зарур аст, ки дар факултаҳо низ курсҳои такмили ихтисос аз забони англисӣ ба роҳ монда шавад. Ман пешниҳод мекунам, ки ҳар як омӯзгори забони англисии макотиби олӣ новобаста аз дараҷаи илмӣ аз методикаи таълими забони англисӣ ва технологияи иттилоотӣ низ санҷиш супорад.
Тибқи нақшаи таълим хатм-кунандагони зинаи бакалаври таҳсилот ҳамасола рисолаи тахассусии хатм менависанд. Мавзӯъҳои рисолаҳои хатми тахассусӣ аз фанҳои назариявии кафедраҳо тақсим мешаванд, ба аксари хатмкунандагон мавзӯъҳо аз фанни типологияи муқоисавӣ дода мешаванд, ки натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотии ин гуна рисолаҳо ба омӯзгори оянда салоҳияти методӣ намедиҳад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод мекардам, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштани рисола-ҳоро дар факултаҳои омӯзгорӣ аз се фан – методикаи таълим, педагогика ва психология иҷозат диҳад. Агар хатмкунандагони факултаҳои забонҳои хориҷӣ дар аттестатсияи давлатӣ аз фанни инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ имтиҳони шифоҳӣ ва хаттӣ супоранд, ин ба баланд гардидан ва тайёр шудани кадрҳои ҳирфаӣ мусоидат хоҳад кард.
Мусоҳиб
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр