Мусиқӣ дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Он ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад. Омӯзгори суруд ва мусиқӣ ин гуфтаҳои болоро дар ҷараёни таълим ба воситаи суруду оҳангҳо дар дили наврасон ҷойгир менамояд.
Дарси суруд ва мусиқӣ бо низоми салоҳиятнокӣ аз се салоҳият ва чор самт иборат аст. Салоҳиятҳои дарси суруд ва мусиқӣ инҳоянд. Сурудан, маърифати мусиқӣ, шунавонидани оҳанг. Самтҳояш бошад, инҳоянд: риоя намудани қоидаҳои сурудхонӣ, дарк намудани оҳанг, омӯхтани элементҳои мусиқӣ, эҷодкорӣ ва намудҳои эҷод. Самт ва салоҳиятҳои дарси суруд ва мусиқиро дар раванди дарс иҷро мекунем. Салоҳиятҳои дарсро дар ҷараёни дарс бо навбат истифода мебарем. Қисмати суруданро дар вақти пурсиши вазифаи хонагӣ, қисмати маърифати мусиқиро дар вақти баёни мавзӯи нав, қисмати шунавонидани оҳангро дар вақти сароидани суруд ва пеш аз мустаҳкамкунии дарс мегузаронем. Омӯзгор дар ҷараёни дарс ба хонандагон қоидаҳои сурудхониро бояд шарҳу тавзеҳ диҳад. Ба хонандагон дар бораи ду намуди сурудхонӣ маълумот медиҳем, масалан: нишаста ва рост истода суруд хонданро меомӯзонем. Дар қисмати маърифатии мусиқӣ дар бораи элементҳои суруд маълумот бояд диҳем, масалан: нотаҳо, нотагоҳ, калидҳо, суръатҳо, андозаҳо, аломатҳои тағйирдеҳ (Алтератсия), - (бемол, диез, дубул - бемол, дубул - диез, бекар), аломатҳои динамикӣ (пяно, форте, пянисимо, фортисимо, метсо-форте, метсо - пяно), лаҳнҳо, (мажор-минор), фосилаҳо, зарбҳо, лига, фермата, паузаҳо ва ғайраҳо маълумот бояд диҳем. Ин аломатҳои номбаршударо на дар як дарс, балки дар давоми соли хониш ба хонандагон фаҳмонидан лозим аст. Дар қисмати шунавонидани оҳанг оҳангҳои бастакорони тоҷикро навозанд беҳтар аст, чунки оҳангҳои бастакорони тоҷик бештар бо забони тоҷикӣ эҷод карда шудаанд. Ин оҳангҳо зуд дар қалби хонандагон ҷой мегиранд. Методҳои тарбияи суруд ва мусиқӣ дар худ шаклҳои гуногуни машғулиятҳои байни омӯзгор ва хонандагонро дар бар мегирад. Методика ҳамчун фан ба гурӯҳи илмҳои педагогӣ дохил мешавад. Аз инҷост, ки онро “дидактикаи хусусӣ” - соҳавӣ низ меноманд. Омӯзгорро лозим аст, ки воситаҳои тарбияро ҳаматарафа омӯхта, дар ҷараёни таълим истифода барад. Методҳои фанни суруд ва мусиқӣ аз методҳои суҳбат, гӯшкунӣ-аёнӣ, шифоҳӣ, таъсиррасонӣ, муқоисакунӣ ва методи ҳавасмандкунӣ иборат мебошад.
Умедҷон МАҶИДОВ,
ассистенти кафедраи назария
ва методикаи тарбияи мусиқӣ – бадеии ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр