Нашрияи Омӯзгор

Асарҳои адиб муаррифӣ шуданд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Дар толори  фарҳангии литсей барои хонандагони болаёқати  ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон» бо иштироки адибону рӯзноманигорон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғоиб, Раҷаб Мардон, Зафари Мирзоён, Акбари Абдулло, Самариддин Асозода, Соҳибназар Табаров ва Темуршоҳи Файзалӣ  муаррифии китобҳои тозанашри адиби шинохта Садриддин Ҳасанзода «Саҳрои бекаронаи таърих», «Як пора рӯшноӣ» ва «Терроризм-экстремизм»  баргузор гардид. Сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Ғуломзода ҳадафи баргузории фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон»-ро хотиррасон карда, 1000 адад китоби бачагонаро ба маъмурияти литсейи номбурда супорид.  Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ  аз эҷодиёти Садриддини Ҳасанзода ва китобҳои тозанашри ӯ андешаронӣ кард. Дар нишаст, ҳамчунин, адибон Ҳақназар Ғоиб, Раҷаб Мардон, Акбар Абдулло, бостоншинос Зафари Мирзоён, муаррих Табаралӣ Зиёзода аз махсусиятҳои  эҷодии  С.Ҳасанзода суханронӣ  намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба хонандагони аълохони мактаби №56 М. Тағай, Ш. Бобошозод,  Л. Ҷобиров ва С. Сайвализода бо стипендияи ба номи Абдулло Ҳасанов (падари С.Ҳасанзода) сарфароз гардонида шуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш