Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятгар ба роҳи рушди устувори кишвар

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барномаи мукаммали таҳкими самтҳои фаъолият ва амалисозии мақсаду маромҳои дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошташуда барои як сол ва ояндаи кишвар мебошанд. Паём  чун дастури роҳнамо падидаи муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26.12.2018) амсоли Паёмҳои қаблӣ хеле пурмуҳтавою таҳлилкунанда буд ва бо дарназардошти муайян намудани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳанаҳо  ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи минбаъда ба Маҷлиси Олии кишвар манзур гардид. Ин Паём дар марҳилае пешниҳод гашт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор ва созанда пеш меравад. 

Дар Паём моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гаштанд ва барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои  қатъӣ дода шуданд.

Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маорифро, ки  соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад,  мавриди таҳлил қарор дода,  масъулони соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла, роҳбарони мактабҳои олиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таҳсилот чораҳои зарурӣ андешанд. Ба таъкиди Пешвои миллат , “...омӯзгор пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, агар  сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.” Дар воқеъ, дар  шароити имрӯзаи пешрафти ҷомеаамон аз омӯзгорон масъулияти зиёд тақозо мегардад, ба ибораи дигар, танҳо он омӯзгороне, ки воқеан, дорои  маҳорату касбияти баланд мебошанд, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта мебароянд. Пас, имрӯз  омӯзгорони иззатмандамонро зарур аст, ки  рисолати бузурги ба зимма доштаашонро амиқ дарк намоянд.

Инчунин, дар Паёмашон Роҳбари давлат аз тадбирҳое, ки бо ибтикори Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати рушди варзиш дар кишвар пайваста  роҳандозӣ гашта истодаанд ёдовар шуда, таъкид карданд, ки танҳо дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 230 иншооти варзишӣ, дар даҳ соли охир, бошад 9300 иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд... Воқеан ҳам, он иншооти муосири варзишие, ки бунёд ёфта истодаанду имтиёзҳое, ки имрӯз барои дастгирии варзишгарон муқаррар гардидаанд, ҳама баҳри рушди варзиш буда, масъулони соҳа, аз ҷумла, кормандони муассисаҳои таълимии риштаи варзишро вазифадор месозанд, ки бобати  инкишоф додани соҳа дар байни мардум ҳамчун   омили муҳими солимгардонии ҷомеа тадбирҳои боз ҳам бештарро амалӣ созанд. 

Дар Паёмашон Сарвари давлат ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон арзёбӣ намуда,  ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир ҷавонони мо набояд мисли солҳои 90-ум  фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик гарданд, бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва  равияҳои номатлуби ҷомеа ҳодисаи басо хатарнок номида, таъкид доштанд, ки ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бояд муборизаи дастаҷаъмона  барем, сатҳи зиракии сиёсии аҳолӣ, бахусус, насли наврасро баланд бардошта,  дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат доимо омода бошем. Ин даъватҳои Роҳбари давлат падару модарони иззатманд, омӯзгорону мураббиён, насли калонсол, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеаро водор месозанд, ки барои аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани наврасон ва ҷавонон бештар масъул бошанду баҳри баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон  пайваста кӯшиш  ба харҷ диҳанд. 

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ,  муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва рушди ҳунармандӣ, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат  солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки бешубҳа, ин иқдом ҷиҳати боз ҳам муаррифии бештари мавзеъҳои нодири сайёҳӣ  ва ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин тадбир на танҳо   як падидаи  нек  барои  пешрафти  иқтисодиёти миллӣ аст, балки боз як иқдоми басо шоиста барои ташаккули  тарғиби фарҳанги миллиамон низ  мебошад.    

  Мавриди зикр аст, ки зимни амалишавии ҳадафҳои дар Паём    гузошташуда  ҳамасола  дар  ҳаёти  ҷомеа  дигаргуниҳои  куллӣ  рӯи  кор  меоянд. Аз ин рӯ,   иҷрои  дастуру ҳидоятҳои судманди дар Паёми Пешвои миллат баёнгашта  сокинони кишварамонро барои расидан ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави созандагиву бунёдкорӣ  ҳидоят намуда, ҳамзамон ҳар якамонро вазифадор менамояд, ки  ҳамарӯза фаъолиятамонро баҳри боз ҳам афзун  бахшидани  дастовардҳоямон, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон бурдан алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб тақвият бахшида,  бештар масъулият ҳис намоем. 

 

Дилором Каримова,

ноиби аввали ректори

Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи

 С.Раҳимов, дотсент,

номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш