Нашрияи Омӯзгор

Хамкориҳо тақвият меёбанд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 743        Шарҳ: 0

Дар биноми иттифоқ-ҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ вохӯрии аъзои раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср баргузор гашт.  Дар он Р. Одиназода-раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаноби Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван ва аъзои раёсати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср иштирок доштанд. Р. Одиназода иброз дошт, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисрро созишномаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Миср дар барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникию илмӣ ташкил намудааст. Дар заминаи созишномаҳое, ки миёни ду кишвар дар соҳаи маориф ба имзо расиданд, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилин вуҷуд дорад ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил карда, ба ватани хеш баргаштанд.  Ҷаноби Ҳошим Абдулазиз Ҳасан Радван қайд кард, ки вохӯрии мазкур заминаи хубе барои густариш ва идомаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илми ду кишвар хоҳад шуд.

Дар қисмати дуюми рӯз меҳмонон ба факултаи забонҳои Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодон ва донишҷӯёни ин боргоҳ суҳбати самимӣ оростанд.

 

Саймуҳаммади

ИЗЗАТУЛЛО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш