Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳошияи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №79 “Дар бораи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш олимону мутаххассисони соҳавӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкилоту ширкатҳои бонуфуз ширкат доштанд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ҳадафи баргузории ҳамоишро баён намуд. Зикр гардид, ки тараққиёти илму техникаи муосир водор месозад, то ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият, бахусус, идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ки талаботи даврони муосир аст, мувофиқ гардонида шавад. Зеро истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар таъмини сифати таҳсилот, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот – кредитӣ ва фосилавӣ нақши муассир дорад.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дотсент Маҳмуд Тошматов, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ, дотсент Амрулло Нурализода, муовини директори ДПДТТХ ба номи М.М.Осимӣ Хуршед Мақсудов, мудири кафедраи САҲ-и ДДҲБСТ Шоира Муҳаммедова суханронӣ карданд. Дар меҳвари марказии гузоришот бо далелҳои илман асоснок нақши технологияҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ гардида, барои татбиқи боз ҳам босамари он пешниҳодҳои муфид иброз гардид.
Дар анҷоми кори ҳамоиш ба ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳбарони илмии онҳо ва ғолибони озмунҳои илмӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Ҳадафи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо ҷалби намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи кишвар тақвияти боз ҳам бештари фазои таҳсилоти олии кишвар бо истифода ва татбиқи воситаҳои технологияҳои инноватсионӣ ва телекоммуникатсионӣ, мавқеи муайян пайдо кардан дар фазои таҳсилоти олии давлатҳои Аврупо буд.
Сино ҒАФУРӢ,
мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр