Нашрияи Омӯзгор

Пешгирии коррупсия-рушди ҷомеа

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорону директорон, раисони комиссияи аттестатсияи хатм ва котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гашт.

Дар оғози чорабинӣ Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкурро аз пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва аз байн бурдани ин омили номатлуб зимни қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ арзёбӣ намуд. Сипас, Н. Муқимӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, доир ба пешгирии содир шудани амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф андешаронӣ кард. Ҳамзамон, дар рафти суханронӣ диққати иштирокчиён ба қонунгузории кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия, вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, хавфҳои кор-рупсионӣ, оқибатҳои зарар-овари ришваситонӣ ва ба роҳ мондани пешгирии коррупсия ҷалб карда шуд. Вазири маориф ва илм ба ректорону директорон, раисони комиссияи аттестатсияи хатм ва котибони масъули комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки зимни баргузории аттестатсияи хатм ва қабули имтиҳоноти давлатӣ, қабули ҳуҷҷатҳои дов-талабон ҳангоми шомилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ чораҳои судманд андешанд.

Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш