Соли ҷорӣ ба зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ 140 сол пур шуд ва дар ин замина дар ҷумҳурӣ даҳҳо конфронсу ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид. Муҳаққиқону айнишиносон оид ба паҳлуҳои гуногуни осори устод асарҳои алоҳида навиштаанд, ки ба шинохти бештари шахсияти Айнӣ ва эҷодиёти гаронбаҳои ӯ мусоидат менамоянд.
Дарвоқеъ, устод Айнӣ дар замони бисёр ҳассос, ки сухан дар бораи мавҷудияти миллате бо номи тоҷик мерафт, бо навиштани асари пурмуҳтавои хеш «Намунаи адабиёти тоҷик» собит намуд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги пурғановат ва таърихан инкишофёфта мебошад. Устод С. Айнӣ бо таълифи ин асар муҳре бар забони пантуркистон зад.
Дар даврони истиқлолият мавқеъ ва манзалати устод Айнӣ боз ҳам баланд бардошта шуд ва муҳаққиқону пажӯҳишгарон кӯшиш намудаанд, ки осори пурарзиши ӯро аз паҳлуҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳанд. Ба ифтихори 140 - солагии устод Айнӣ китоби муҳаққиқи ҷавон Эҳсон Сафарзода бо номи «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» ба нашр расид, ки дар асар масъалаи ҳувияти миллӣ дар назм, осори ёддоштӣ, таҳқиқи илмӣ, асарҳои таърихӣ ва мақолаҳои публитсистии устод Садриддин Айнӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар пешгуфтори китоб профессор Иброҳим Усмонов зикр менамояд, коре, ки Эҳсон Сафарзода сар кардааст, тамоми навъи эҷодиёти устод Айниро дарбар мегирад. Яъне, аз адабиёти илмӣ то шеър, насри бадеӣ, ёддошт ва асарҳои таърихии устодро дар якҷоягӣ, дар шакли умум таҳқиқ карда, аз ҳар кадоми онҳо муҳаққиқи ҷавон ҳамчун гавҳаршинос танҳо мавзӯъ ва қисматҳо, он ҷумлаву маъноҳоеро интихоб кардааст, ки маҳз ба мавзӯи ҳувияти миллӣ иртибот мегиранд.
Муҳаққиқи ҷавон барои муайян кардани ҳувияти миллӣ ва рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ ба сарчашмаҳои зиёди илмӣ ва эҷодиёти устод такя намуда, андешаҳои ҷолиб пешниҳод кардааст. Масъалаҳои худшиносии миллӣ фарогири тамоми эҷодиёти устод Айнӣ мебошад, ки ин, пеш аз ҳама, аз марому маслаки ӯ шаҳодат медиҳад. Устод Айнӣ аз рӯзҳои аввал вазифаи меҳварии хешро хидмат ба халқ медонист ва ин мақсад агар аз давраи аввал то солҳои Инқилоби Октябр ба илму маориф ҷалб намудани халқи тоҷик иртиботманд бошад, дар давраи минбаъда ҳимояи забони тоҷикӣ ва собит намудани ҳастии миллати баруманди тоҷик мебошад. Дар ҳар навиштааш устод мардумро ба омӯзиш роҳнамоӣ менамуд ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз ҷаҳолатро дар омӯзиш ва мактабу маориф медонист.
Эҳсон Сафарзода дар китоби «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» таъкид медорад, ки «С.Айнӣ дар аксари шеърҳои таълимию тарбиявии худ ба он ақида аст, ки воситаи муҳиму асосии ободии мамлакат маҳз мактаб ва илму дониш аст. Ин андеша дар асарҳои таълимии қабл аз инқилобӣ низ дида мешаванд».
Яке аз хусусиятҳои вижаи китоби «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» дар он аст, ки муҳаққиқ асарҳои устод Айниро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил қарор дода, масъалаи ҳувияти миллиро ҷӯё мешавад ва дар бозтобу инъикоси он дар асарҳои Айнӣ то андозае муваффақ шудааст. Як ҷанбаи умдаи кори илмӣ андешаҳои дигарро оварда, онҳоро тақвият ва инкор намудани муҳаққиқ мебошад. Муҳаққиқ менигорад: Яке аз асарҳое, ки дар он ба таври бадеӣ ва публитсистӣ рӯҳи миллӣ, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстӣ баръало инъикос ёфтааст, «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ мебошад, ки як навъ ҷамъбасти тамоми афкору андешаҳои ватанхоҳии ӯст». Дар идома дар китоби мазкур муҳаққиқ, ҳамчунин, собит месозад, ки «Ёддоштҳо»-и устод Айниро то як андоза ба романи «Истамбул»-и нависандаи турк, барандаи Ҷоизаи Нобел Орхан Памук монанд метавон кард. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби «Равшангари бузург», ки перомуни фаъолият ва эҷодиёти устод Айнӣ навишта шудааст, зикр кардааст, ки собит кардани мавҷудияти тоҷикон амалан бар зиммаи устод Айнӣ монд. Ӯ бо далелу бурҳони қотеъ собит сохт, ки тоҷикон дар Мовароуннаҳр аз қадим вуҷуд доштанд ва имрӯз… барои тоҷикон ҳам давлат ба номи Тоҷикистон созмон додан зарур аст.
Дар ҳақиқат, саҳми устод Айнӣ дар ташкили давлате бо номи Тоҷикистон бузург аст ва ӯ дар ин бобат бо силоҳи қалам дар роҳи худшиносии миллӣ ва ҳувияти тоҷтикон заҳмат кашид ва муваффақ гардид. Ба андешаи Э.Сафарзода, дар рӯзгори С.Айнӣ масъалаи миллӣ моҳияти пурарзиш пайдо карда буд ва маҳз боло бурдани худшиносии миллӣ аз ҳадафҳои бунёдии таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» буд. Хизмати арзандаи устод Айнӣ, ба андешаи адабиётшинос А. Маҳмадаминов, дар он аст, ки «ӯ худшиносии миллии мардуми тоҷикро бо пайкор барои ҳуқуқи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ, ки солҳои 20-ум барои тоҷикон масъалаи ҳалкунанда буд, дарпайваст ва ба ташаккули шуур ва худшиносии миллии мардум такони сахт дод».
Дар китоби таҳқиқии «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» далелҳои зиёди илмӣ оид ба шинохти ҳувияти миллӣ дар осори Садриддин Айнӣ гирдоварӣ шудааст, ки саҳифаи нав дар шинохти устод мебошад. Муҳаққиқ ба хулоса меояд, ки дар ҳамаи асарҳои адабии устод Садриддин Айнӣ ба ин ё он ҳад масъалаи миллӣ баррасӣ шуда, устод дар таҳқиқоти илмиаш - «Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъ – ул – вақоеъ», «Абӯалӣ Сино», «Бедил», «Намунаи адабиёти тоҷик» ба масъалаи худшиносии миллӣ бештар дахл кардааст. Ҳамчунин, таъкид гардидааст, ки зинда гардонидани забони халқи кӯҳистонии тоҷикро як омили худшиносӣ ва мояи устувории сарзамини тоҷикон медонад ва таълиму тадрисро дар роҳи маънавиёт фарҳанг, рукни муҳими шинохти миллӣ мешуморад ва дар тамоми осори ӯ ин масъала меҳварӣ ба ҳисоб меравад.
Китоби «Устод Айнӣ ва ҳувияти миллӣ» саҳифаи нав дар шинохти Садриддин Айнӣ ба ҳисоб рафта, барои муҳаққиқону донишҷӯён ва доираи васеи аҳли илму адаб судманд мебошад.
О.Насриддин,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр