Нашрияи Омӯзгор

Омодагии довталабон комилтар шудааст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 739        Шарҳ: 0

Дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 6-7 апрели соли равон даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номӣ ва даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Дар ифтитоҳи он муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев гуфт, ки Вазорати маориф ва илм дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳкими ҳаракати олимпӣ тадбирҳои судманд андешида, барои ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Дар ин самт ҳамасола шаклҳои гуногуни олимпиада гузаронида мешавад. Инчунин, аз ҷониби вазорат ҷиҳати ҳарчи бештар дарёфт намудани хонандагони болаёқат боз намудҳои гуногуни олимпиада, аз ҷумла, олимпиадаи наврасон байни хонандагони синфҳои 5-8, олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олимпиада оид ба шоҳмот, озмуни “Навруста” барои кӯдакони ҳунарманд, озмуни “Китобхони беҳтарин” роҳандозӣ мегарданд.

Бояд қайд кард, ки аз соли таҳсили 2014-2015 олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номӣ 190 довталаб ва дар олимпиадаи даставӣ 450 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Чун анъана, дар қисмати дуюми рӯз довталабон бо роҳнамоии кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба тамошои маконҳои таърихию фарҳангии пойтахти мамлакат рафтанд. Сипас, дар толори фарҳангии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо иштироки нависанда Маҷид Салим, шоир ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ ва ҳайати ҳунармандони ансамбли “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабию ҳунарии “Ширу шакар” баргузор гардид, ки басо дилпазиру хотирмон буд. Дар он чанде аз иштирокдорони олимпиада низ шеъргунаҳои худро қироат карданд ва аз адибон ҷиҳати сайқали маҳорати суханварии хеш маслиҳату машваратҳои судманд гирифтанд.

Пас аз эълони натиҷаҳои олимпиада расми қабулу тавзеҳи апеллятсияҳо оғоз гардид. Ба гуфтаи масъулини олимпиада, аз 183 аризаи апеллятсионии воридшуда, 2-тои он мусбат арзёбӣ гардид.

Сабзаалӣ Ҷаъфаров, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки иштироки довталабон дар олимпиадаҳо нисбат ба солҳои қабл хубтар шудааст. Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо пайваста тартибу шеваи иштирок ва шартҳои олимпиадаҳоро ба хонандагон шарҳу тавзеҳ медиҳанд, аммо ҳоло ҳам баъзе камбудиҳо, аз қабили носаҳеҳ будани ному насаб ва маълумотҳои инфиродии хонандагон ба чашм мерасанд. Боиси таассуф аст, ки таваҷҷуҳи духтарон ба фанҳои табиӣ-риёзӣ, хусусан, технологияи иттилоотӣ коҳиш ёфтааст. Дар сабқати имрӯза аз 50 иштирокдор танҳо 2 нафар духтаронанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки духтарон бештар ба фанҳои гуманитарӣ ва писарон ба фанҳои табиӣ-риёзӣ майл доранд.

Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Тоҷиннисо Маҳмадова дар суҳбат гуфт, ки бачаҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои номӣ ва даставӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд. Ҳамаи довталабон талош мекарданд, ки ҷойҳои ифтихориро ба даст оваранд. Аксари иштирокдорон аз кам будани ҷойҳои ифтихорӣ шикоят карданд. Қисми зиёди хонандагон беш аз 70-80 - холӣ гирифтанд, аммо тибқи Низомномаи олимпиада мо теъдоди муайяни ҷойҳои ифтихорӣ дорем ва аз доираи низомнома берун баромада наметавонем. Ҷойҳои ифтихорӣ ба бачаҳое дода шуданд, ки 90-100 хол гирифтаанд. Соли гузашта бори аввал олимпиадаи наврасон байни хонандагони синфҳои 5-8 гузаронида шуд, ки дар ҷараёни ҳаракати олимпӣ такони ҷиддие гардид ва бачаҳое, ки дар он иштирок карданд, таҷрибаи андӯхта, бо тарзи баргузориҳои он аз наздик шинос шуданд. Аксари хонандагони синфи 9, ки соли гузашта дар ин олимпиада ширкат варзида буданд, имсол бо тайёрии пухта омадаанд. Пештар дар олимпиадаҳои байналамилалӣ бештар хонандагони  муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фаъол буданд. Айни замон ҳаракати олимпии байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ муваффақона ҷараён дорад. Соли гузашта хонандагон аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзиданд. Як хонанда дар олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки дар он довталабон аз 90 давлати дунё иштирок карданд, аз фанни химия соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуд.

Дар ҷамъбасти олимпиада вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба иштирокдорони олимпиада таъкид намуд, ки шумо, хонандагони азиз, аз донишу маҳорати устодонатон васеъ истифода карда, бо омодагии ҳамаҷониба ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ биёед. Вобаста ба болоравии сифати таҳсилот мо шартҳои олимпиадаҳоро давра ба давра то дараҷае мураккаб мекунем. Шартҳои олимпиадаро сабук кардан ба манфиати сатҳи донишомӯзӣ нест. Ин боиси фориғболию саҳлангориҳо мешавад. Хонандагон бояд тафаккури мантиқии хешро тақвият бахшанд. Ҳар як миллатро бо сиёсатмадорон, олимону шоирон, ҳунармандону санъаткорон, варзишгарони номвараш мешиносанд. Тавре аз натиҷаи олимпиада маълум гардид, ҷойҳои ифтихориро аксаран хонандагони мактабҳои типи нав соҳиб гаштаанд. Масъулини мактабҳои анъанавӣ бояд довталабони арзандаро ба олимпиадаву сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода кунанд...

Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ ғолибонро эълон карда, ҳамзамон, таъкид намуд, ки масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мебояд ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагонашон ва ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолияти худро вусъат бахшанд.

Дар ҷамъбасти олимпиадаи номӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ: география, математика, физика, биология, химия ва технологияҳои иттилоотӣ 40 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 9 медали тилло, 15 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони вилояти Суғд сазовори 19 ҷойи ифтихорӣ- 4 медали тилло, 7 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 9 ҷойи ифтихорӣ-2 медали тилло, 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ, хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ -2 медали тилло, 5 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ, хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 4 ҷойи ифтихорӣ -1 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ гардиданд. Мутаассифона, дар ин сабқат хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварда натавонистанд.

Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз 11 фанни гуманитарӣ: забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, география, математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ  нишон дод, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо гирифтани 38 ҷойи ифтихорӣ - 10 медали тилло,  10 медали нуқра ва 18 медали биринҷӣ сазовори Шоҳҷоиза, вилояти Суғд бо гирифтани 24 ҷойи ифтихорӣ - 3 медали тилло, 11 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ сазовори ҷоизаи дараҷаи дуюм, вилояти Хатлон сазовори 17 ҷойи ифтихорӣ - 4 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ сазовори дараҷаи сеюм гаштанд. Ҳамчунин, дар ин сабқат шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 3 ҷойи ифтихорӣ – 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ-1 медали нуқраро ба даст оварданд. Дар умум, 83 нафар ҷойҳои ифтихориро (18 нафар ҷойи якум, 28 нафар ҷойи дуюм ва 37 нафар ҷойи сеюм) соҳиб гардиданд.

Ҳамчунин, хонандагоне, ки дар олимпиада иштироки фаъолона доштанд, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд. 

Тибқи анъана хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гаштаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 100 (ҷойи якум), 75 (ҷойи дуюм) ва 50 (ҷойи севум) холи иловагӣ (бонус) мешаванд. Инчунин, иштирокдороне, ки 90-100 хол ба даст овардаанд, дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос соҳиби Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил мегарданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ба ғолибон ҷом, медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотро тақдим намуд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш