5 апрели соли равон дар толори бинои «Созидание»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи шӯрои «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок иштирок ва суханронӣ карданд.
Тавре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, бо шарофати сиёсати сулҳпарвариву озодихоҳӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ имрӯз дар хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик таҳсили илм доранд. Аз ин рӯ, таъсиси «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» амали нек ва самарабахш мебошад.
Ҷаласаи шӯрои мазкур тариқи онлайн баргузор шуда, дар он донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, низ суҳбат намуда, мушкилот ва дастовардҳои донишҷӯёни тоҷикро дар давлатҳои хориҷ иброз дош-танд. Бояд гуфт, ки «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ 2 марти соли 2014 таъсис ёфта, дар 15 кишвар, аз ҷумла, Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Полша, Германия, Британияи Кабир, Нидерландия, Малайзия ва Озарбойҷон аъзои фаъоли худро дорад. Онҳо пайваста бо сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ буда, барномаҳои гуногун доир менамоянд. Мақсад аз таъсис додани ин маҳфил баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр