Нашрияи Омӯзгор

Ҳикояҳои марғуб

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Нависанда бештар дар он маврид шинохта мешавад, ки сабки хоси адабӣ дошта, навиштаҳояш барои хонанда ҷолиб бошанд. Ю. Юсуфӣ низ аз ҷумлаи чунин нависандагон аст.

Маҷмӯи ҳикояҳояву қиссаҳояш «Садоҳо хомӯш намешаванд» (1994), «Зан ва анкабут» (2004), «Афсонаи ҳафтдодарон» (2007) ва «Гунҷишкҳои гурусна» (дар интишороти байналмилалии «Навиди Шероз»-и Ҷумҳурии исломии Эрон) ба табъ расидаанд.

Ҳикояҳои Ю.Юсуфӣ дар мавзӯъҳои гуногуни зиндагӣ навишта шуда, дар онҳо нависанда ҳодисаву воқеаҳоро хеле ҷолиб ва бо мазмуни баланд ба тасвир меорад. Ҳар як ҳикояи нависанда ба ягон паҳлуи муҳимми зиндагӣ бахшида шудааст ва хонандаро ба андеша водор мекунад. Дар ҳикояи «Ғамхӯрак» зебоии деҳа, табиати нотакрор ва манзараҳои дилнишину асрорангези он, садоҳои мафтункунандаи парандаҳову рӯдаки зебо ба тасвир омадааст, ки ҳамаи инро танҳо духтараке аз ин деҳ мебинаду мешунавад. Ҳамдеҳони нобинову ношунавояш ин ҳамаро намедиданду намешуниданд: «Ҳангоме ки рӯз бо шукӯҳу шон аз осмон фуруд омад, шабро дил танг шуду ашки ҳасрат ба чашм омад ва ночор дар дили замин даромад. Ашкаш дона-дона рӯйи гулу сабзаҳо монд. Ман як дона аз он ба каф гирифтаму нигаҳ кардам, ҳам кӯҳу ҳам рӯду ҳам деҳро аксшуда дар он дидам; шаб рафтаву ашкашро монда буд, ки то баргаштанаш ин ҳамаро дар худ гунҷонаду нигаҳ дорад. Аммо диданитар аз ин он буд, ки пас аз ашкрезон рафтани шабу хандазанон омадани рӯз оҳувони бурсистон ба ҷастухез даромаданд, мурғони дарахтзор ба арғушт омаданд, дар шохаҳо баргҳои тоза тундиданд, гулҳо атри танашона ба гирду пеш пошиданд, оби чашма монанди ангубину суруди рӯд аз ин ҳам ширин гардид ва шодие номаҳдуд аз куҷое дур то бар дили ман расид. Ҳайф, ки шумо ин ҳамаро надидеду нашнидед…» («Афсонаи ҳафтдодарон»)

Вале сокинони деҳ ба худ машғул буда, тамоми зебоии деҳи худро нодида мегиранд. Ҳатто дар мавриди омадани марди кӯзапуште ба деҳ пайи нафс, ёфтани зар буда, боиси харобии  деҳи худ мегарданд.

Дар миёни «кӯрдилони бадсигол» духтарак бо амри Худованд ба парандаяке табдил меёбад, ки дар соҳили рӯдхона парвоз мекунад ва аз будани он шодӣ мекунад. Шодии Ғамхӯрак аз хушк нашудани рӯд ва шӯху сероб шудани он мебошад, ки дар умум рамзи зиндагонӣ ва ҳастии инсонро ифода кардааст. Ба ҳамин мазмун  дар ҳикояи «Пазмонӣ» ҷавоне, ки барои хондан ба шаҳри бузург рафта буд, бинобар пазмонӣ духтареро бо номи Маҳнӯш дар хоб мебинад. Дар ин ҳикоя нависанда, агар аз як тараф, пазмонии ҷавонро дар ёди духтари дӯстоштааш ба тасвир оварда бошад, аз тарафи дигар, зимни хоб хислату рафтору баланди инсониро дар ҳар як амали духтар инъикос намудааст, ки он ҳам нигоҳ доштани нафс аз ҳама гуна ҳолат: ба дарахти себ санг назадани духтар, агарчи аз «себҳои сероб ҳавасаш омада буд» ва аз ин амал дарахти себ як навдаи шохашро поён кард, то ки духтарак себ канад. Дигар ин ки дар гандумзор духтар, ки шабеҳи «баҳри тилло» буд, даст намезанад ва як даста гандумро ба ҳадя мегирад ва дар мавриди вохӯрдан бо лонаи гунҷишк, бачаяки афтодаи гунҷишкро ба лона мегузорад, се пари зеборо аз шодӣ гунҷишки зард барояш мебахшад.

Аслан дар ҳикояҳои Ю.Юсуфӣ олами ботин ва маънавиёти шахс бо дарки фалсафаи зиндагӣ меҳвари асосиро ташкил додааст. Нависанда зимни андешарониҳои қаҳрамони ҳикоя моҳияти ҳастии инсон ва оқибат аз натиҷаи амали хеш ба марг расидани ӯро бо таҳлилҳои амиқ ва равшан ба тавсир меорад.

Амирбек ФОЗИЛОВ,

магистри Институти забон ва адабиёти ба номи

Абӯабдуллоҳи Рӯдакии

АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш