Номи муаллимаеро, ки дар синфи 4 ба мо дарс дода буд, хуб дар ёд дорам: Ҷавоҳир Саидраҳмонова. Муаллима бо шавҳараш Давлатёр Азизов факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, ба мактаби №14-и деҳаи Қалъаи Ҳусайни ноҳияи Дарвоз ба кор омаданд.
Ҷ авоҳир Саидраҳмонова ба мо аз рӯйи ихтисос не, балки аз забон ва адабиёти рус таълим медод, ки ин барои мо, наврасони 10-11-солаи мактаби деҳаи дурдаст, туҳфае буд. Ҳамсинфон байни худ бо ифтихор мегуфтем: «Ба мо муаллимаи университетхондаи душанбегӣ (гарчанде ки Ҷавоҳир Саидраҳмонова зода ва бузургшудаи ноҳияи Тоҷикобод буд) дарси урусӣ таълим медиҳад!» Муҳаббат ба забону адабиёти русро дар дили мо шогирдон муаллимаи азизамон бедор карда, солҳои баъд бошад, дигар устодон, аз қабили Назрӣ Шарифов, шодравонҳо Сабзалӣ Гургалиев ва Валиҷон Забиров ба мо забони Пушкину Достоевский, Толстою Есенинро омӯзониданд. Айни замон навиштаҳои камина дар матбуоти даврии хориҷӣ бо забони русӣ ба чоп мерасанд, ки ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ин устодони гаронқадрам аст. Аз ин сабаб, як умр аз муаллимаам ва дигар устодон минатпазирам.
Ҷавоҳир Саидраҳмонова баъдан тибқи тахассусаш (филологияи тоҷик) фаъолият карда, дар замири банда тухми меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ, адабиёту фарҳанги тоҷик кишт.
Ӯ зани зебое буд ва либосҳои шинаму хушдухт пӯшида, фазои мактаби моро рангу ҷилои дигаре мебахшид. Ӯ бо аҳли оила чанд соли аввали омаданаш дар ҳамсоягии мо мезист. Аз ин рӯ, тез-тез ба назди раҳматии бибиям, ки беҳтарин кадбонуи Дарвоз буданд, омада, гарму ҷӯшон суҳбат меорост. Ҳис мекардам, ки муаллима ба бибиям эҳтироми хоссаву меҳри беандоза дорад.
Номбурда беш аз 35 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳа бахшид. Ба нафақа баромаду дар иҳотаи ҷигарбандони накуном ва шавҳараш-устод Давлатёр Азизов давлати пирӣ ронд.
Тобистони соли 2017 ба деҳаи азизам сафар карда, ба аёдати нахустмуаллимаам (аз аввалин бонувоне ба шумор мерафт, ки ба ман дарс дода буд) рафтам. Ӯ дар кати ҳавлӣ, рӯ ба сӯи боғи хонааш мехобид. Чанд сол боз аз бемории қанд азият мекашид ва бистарӣ буд. Маро бо табассум пешвоз гирифта, аз ҳолам ҷӯё шуд ва суҳбатамон то дер тӯл кашид. Ҳангоми видоъ модарвор ба ман дуо дод. Росташ, вазъи саломатии муаллимаам маро ба риққат овард.
Баҳори соли 2018 баъди бемории дуру дароз Ҷавоҳир Саидраҳмонова олами фониро падруд гуфта, дар мазори деҳаамон манзили охирати худро пайдо кард. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Варқаи Зайниддин,
ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, узви ИЖТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр