Касе гумон намекард, ки ӯ ба ин зудӣ, дар ин айёми баҳори гулфишон ҳамаро тарк мегӯяд.
Холбибӣ Шодиева омӯзгоре буд, ки роҳи пешгирифтаашро тавонист софдилона тай намояд ва рисолати бар дӯш доштаашро самимона иҷро кунад. Муаллима инсони поктинату нексиришт ва донишманд буд. Қалби пурҷӯшу бедор ва алорағми сахтиҳои рӯзгор сари болову тамкину виқор дошт. Дар иҷрои пешаи пурмасъулияти омӯзгорӣ муваффақу ком-ёб буд.
Номбурда соли 1959 чашм ба олами ҳастӣ кушодаву дар оилаи омӯзгори варзида бузург шуд. Баъди хатми мактаби миёна соли 1976 ба Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ ба итмом расонд. Мавсуф фаъолияти омӯзгорияшро дар мактаби №3-и деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ аз рӯйи тахассус оғоз бахшидааст. Муаллима ҳамеша дар талошу кӯшиш ва омӯзиш буду мо-ҳамкоронро низ таъкид мекард, ки омӯхтан синну сол надорад. Холбибӣ Шодиева 40 соли умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо кор мекунанд. Хидматҳои номбурда дар бахши маориф бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Ёди неки муаллима абадан дар қалбҳои мо маскан гирифтааст.
Ҳайати омӯзгорони мактаби
№3-и деҳаи Рарзи
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр