Борҳо таъкид ва сабт шудааст, ки дар таълими забонҳои дигар (ғайримодарӣ), аз ҷумла, забони русӣ дар қатори омилҳои асосӣ луғатомӯзӣ ва кор бо луғатномаҳо (фарҳангҳо) мавқеи муҳим дорад.
Луғатомӯзӣ дар ҳар як дарси забони русӣ амали асосист ва самаранокии дарсро таъмин менамояд.
Бояд дар қатори китоби дарсӣ дар рӯи мизи омӯзгори забони рӯсӣ китобҳои «Луғати русӣ - тоҷикӣ» («Русско – таджикский словарь») ва «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» («Таджикско-русский словарь») ҳамеша мавҷуд бошанд.
Ин китобҳо кори омӯзгори забони русиро осон мекунанд, дастгираш мешаванд ва вақти ӯро дар ҷустуҷӯи маънои русӣ ё тоҷикии вожаҳо сарфа менамоянд. «Луғати тоҷикӣ - русӣ» дар Тоҷикистон бори аввал соли 1954 зери таҳрири М.Раҳимӣ ва Л.В.Упенская ба нашр расида буд ва чил ҳазор калимаро фаро мегирифту инъикосгари вазъи забони тоҷикӣ дар солҳои чилуму панҷоҳуми асри 20 буд. Маълум, ки забон ҳодисаи ҷамъиятист ва бо мурури замон ҳамбаста ба ҳодисаву воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ тағйир мепазирад, хазинаи луғавиашро комилтар месозад. Баъзе калимаҳо аз истифода мебароянд ва калимаҳои нав ба забон ворид мешаванд. Вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ расид, дар забони тоҷикӣ, ки мақоми давлатӣ дарёфта буд, тағйироти ҷиддӣ ворид гардид, теъдоди зиёди вожаҳои нав арзи ҳастӣ карданд, миқдори вожаҳои русию байналмилалӣ ва арабию туркӣ дар забони адабии тоҷикӣ хеле коҳиш ёфт. Дар натиҷа зарурати чопи наву бозгӯи рӯҳияи замони китоби «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ба миён омад ва ин кор соли 2004 (пас аз 50 соли чопи «Луғати тоҷикӣ - русӣ») ба вуқӯъ пайваст. Ин фарҳангро, ки аз ду китоб иборат мебошад, гурӯҳи мураттибон (нуҳ нафар) таҳия ва ба чоп тайёр карданд.
Китоби дуҷилдаи «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» 65 ҳазор калима, ибора, ибораҳои маҷозӣ, зарбулмасал ва мақолҳои забони тоҷикиро дар бар мегирад.
Дар сарсухани китоб аз хусуси таърихи нигоришу таҳияи луғатҳои тоҷикӣ – русӣ дар Тоҷикистон, махсусиятҳои мураттабсозии чунин луғатҳо (фарҳангҳо), фаъолияти пурзаҳмати олимони луғатнигор ва марҳилаҳои омодасозии «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ҳарф зада мешавад. Мураттибон таъкид кардаанд, ки забон ҳамеша дар инкишоф аст аст ва аз ин боис, зарурати дар ҳар панҷсола ё даҳсола бо таҳрири тозаву иловаҳо чоп кардани китобҳое чун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» амри табиист. Пас аз «Сарсухан» дар навиштаҳое бо номи «Сохтори фарҳанг» хусусиёти луғатнома ва тарзи китобдорӣ бо он тавзеҳ ёфтааст ва ин навишта як навъ калидеро мемонад барои боз кардани дари ганҷинаи вожаҳои тоҷикию русӣ.
«Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» ҳам барои омӯзгорони забони русӣ, ҳам барои омӯзгорони забони тоҷикӣ ва умуман, барои кулли зиёиён ва забономӯзон дастури асосӣ, китоби рӯимизӣ ва мададгори ҳамешагист. Имрӯз вақти он расидааст, ки ин фарҳанги муҳим бо таҳияву таҷдиди назар (чун аз чопи он 18 сол сипарӣ шудааст) ва бо теъдоди бештар ба нашр расонида шавад.
Гавҳар Шанбезода,
омӯзгори забони русӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр