Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ дар машғулиятҳо ва корҳои беруназсинфӣ ташкили корҳои мустақилона мувофиқи мақсад аст. Омӯзгор корҳои беруназсинфиро бояд мувофиқи синну соли хонандагон, майлу рағбат ва сатҳи забондонии онҳо гузаронад. Яке аз шаклҳои корҳои беруназсинфӣ маҳфилҳо ба шумор мераванд. Корҳои беруназсинфӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба забономӯзӣ бедор намуда, онҳоро ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмиву маданӣ ва фарҳанги халқҳои ҷаҳон ошно мекунанд.
Бояд гуфт, ки омӯзиши забони хориҷӣ дар тарбияи шахсияти хонандагон нақши муҳим мебозад. Он ҷаҳонбинӣ, тафаккур, хотира, эҳсос ва ҳиссиёти онҳоро тақвият мебахшад. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд дар дарсҳо роҳу усулҳои гуногуни корҳои мустақилона ба роҳ монда шаванд. Ҳангоми дарс аз мисолҳо, суратҳои ранга ва нақшаҳо метавон фаровон истифода бурд. Маводи дидактикӣ ва сабти овозҳо низ хеле муфид аст. Бояд ба хонандагон истифодаи мустақилона аз луғат, китобҳои дарсӣ, маълумотномаҳои грамматикӣ, кишваршиносӣ ва инчунин, воситаҳои таълимиро омӯзонд. Истифодаи доимии синфхонаи лингофонӣ ва компютерӣ вақтҳои берун аз дарс барои корҳои мустақилонаи хонандагон, ташаккули талаффузи дурусти калимаҳо, нутқи буррои шифоҳӣ ва техникаи хониш зарур мебошад.
Малика ТОШМАТОВА,
омӯзгори забони англисии
мактаби рақами 51, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр