Нашрияи Омӯзгор

Ба меъёрҳои зиддикоррупсионӣ такя кунем

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Таърихи башарият гувоҳи он аст, ки коррупсия ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд дошт ва амалҳои коррупсионӣ дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Шахсоне, ки дар кирдорҳои коррупсионӣ гунаҳгор буданд, ба ҷазоҳои вазнин гирифтор мешуданд. Дар замонҳои қадим дар кишварҳои Осиё, Аврупои ғарбӣ ва Россия нисбат ба ришвахӯрон ҷазоҳои сахттарин раво дида мешуд. Дар нимаи дуюми асри ХХ дар заминаи мушкилоти дигар коррупсия низ ба мушкилоти байналмилалӣ табдил ёфт. Дар санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд, ки серистеъмолашон таърифи пешниҳодкардаи Конгресси нуҳуми СММ мебошад: “Коррупсия суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст”.

Коррупсия ҳамчун падидаи таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёду гуногунҷабҳа дорад. Яке аз сабабҳои асосии коррупсия омезиши давлат бо иқтисодиёт мебошад, ки он аз таърихи қадими кишвар сарчашма мегирад. Сабабҳои паҳн шудани коррупсия сатҳи нокифояи таъминоти моддии хизматчиёни давлатӣ, суст будани назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти онҳо, васеъ будани салоҳияти онҳо дар қабули қарорҳо низ буда метавонад. Дар ҷомеаи имрӯза непотизм ва протексионизм бештар ба назар мерасад.

Ягон зуҳуроти зиддиҷамъиятӣ, аз ҷумла, коррупсия танҳо бо роҳи ҷазо додан пешгирӣ карда намешавад. Вақти он расидааст, ки аз имкониятҳои зиёди тарғиботӣ бо дарназардошти қонуниятҳои объективии ҷомеа васеъ истифода гардад. 

Мебояд гуфт, ки муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъона буда, на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар барои аз байн бурдани он заҳмату талош намояд, то кишвари азизамон ба мамлакати пешрафта мубаддал гардад.

Ёсуман Турсунова,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби №76 –и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш