Хонандагон таассуроти зебоипарастиро аз манбаъҳои гуногун мегиранд. Аз ҳама манбаи наздику дастрастарин табиат аст.
Зебоиҳои табиат бо тамоми ҳастиаш; гуногунии рангҳо, овозҳо, шаклҳо ва инчунин, аз рӯи қонунияти муайяни ивазшавии ҳодисаҳои олами зинда ва ғайризинда ифода мегарданд. Кӯдак ба зебоиҳои табиати зиндаи атрофи худ - ҷангалзору киштзорҳо, кӯҳсорону дарёҳои пурталотум, боғзору манзараҳои зебои мароқ зоҳир карда, ҳис кардану донистани зебоиро ёд мегирад. Зебоипарастӣ натанҳо зебу зинати зоҳирӣ, ҳусну ҷамоли зебову зеваролот, балки ҷаҳду талоши инсон баҳри бахту саодат, зиндагии хушу хурсандона, муносибати гарму нарми байни ҳамдигарӣ, боигарии маънавӣ, покизагии ахлоқу тани солим ва доштани ақлу фазилати инсонӣ мебошад. Дар вуҷуди хонандагон ҳисси зебоипарастӣ (эстетикӣ) пайдо шуда, бо гузашти замон афзун мегардад ва ӯ аз байни муносибатҳои байни инсонҳо рафторҳои хубу бад, наҷибу паст, фоиданоку зиёноварро фарқ карда метавонистагӣ мешавад. Дар ин ҳолат ӯ ба сӯи идеалҳои нек раҳсипор мегардад.
Бойтарин манбаи таассуроти эстетикии хонандагон санъат мебошад. Нақши санъат ҷиҳати дар хонандагон инкишоф додани дараҷаи баланди маданиятнокӣ хеле бузург аст. Асарҳои санъати тасвирӣ барои фаҳмиши мазмуни табиат ва ҳисси биноиву инкишофи тахайюл нақши назаррас дорад. Омили дигари бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ (эстетикӣ) дар хонанда мусиқӣ мебошад. Аз рӯи таъсири ҳиссии ба шунаванда доштааш санъати мусиқӣ дар тарбияи зебоипарастӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Дар инкишофи олами рӯҳӣ ва ҳисси зебопарастии хонандагон нақши адабиёти бадеӣ –санъати сухан низ бузург аст. К.Д. Ушинский дар лафзи модарӣ «бисёр фикрҳои амиқи фалсафӣ, ҳиссиётҳои ҳақиқии шоирона, завқиёти зарифу ҳайратангез ва бисёр ҳаяҷонҳои олии рӯҳӣ»-ро медид. Образҳои лафзӣ дорои асоси мафҳумӣ буда, дар навбати аввал бо ёрии хирад фаҳмида мешавад. Аз ин рӯ, адабиёт яке аз муҳимтарин воситаи такмили қобилияти фикрии хонандагон ва тарбияи эстетикии онҳо мегардад. Инчунин, дар ба роҳ мондани тарбияи зебопарастии хонандагон театр, кино, телевизион, радио ва ғайраҳо нақши муҳим дорад. Онҳо дар худ ҷузъиёти рассомӣ, адабиёт, мусиқӣ, аксҳои бадеӣ, рақс ва ғайраро дар бар гирифтаанд. Дар меҳнат имкониятҳои бун-ёдкории хонанда, яъне, бо воситаи ашё ва чизҳои мушаххас аз тарафи ӯ ба амал бароварда тавонистани зебоӣ ошкор мегардад. Корҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки бачагон эстетикаи муносибатҳо ва ба манфиати умум якҷоя коркуниро эҳсос намоянд. Машғулиятҳои варзишӣ боиси камолоти ҷисмонии хонандагон мегардад. Бозӣ қувваи эҷодии хонандагонро зиёд карда, ба онҳо таассуроти эстетикӣ мебахшад. Дар раванди фаъолиятҳои бадеии адабӣ, мусиқӣ (рақсу суруд), саҳначаҳои тарбиявии ба мавзӯъ алоқаманд, ки бевосита ба эҷоди образҳо равона мегардад, бачаҳо мафҳуми зебоиро хеле амиқ дарк карда, ба ҳаяҷон меоянд. Тарбияи зебопарастӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҷузъи ҷудонашавандаи мураттаб инкишоф ёфтани шахсият мебошад. Вазифаи он натанҳо аз инкишоф додани ҳолатҳои бадеӣ-эҳсосии бачагон, балки аз такмил додани қувваи ахлоқӣ, фикрӣ ва ҷисмонии онҳо низ иборат аст. Қаробати хонанда ба зебоӣ набояд танҳо бо такя кардан ба соҳаи санъат маҳдуд гардад, балки тамоми паҳлуҳои онро дар бар гирад. Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар шароити имрӯза дар муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи зебопарастии хонандагон диққати ҷиддӣ дода, моҳияти ин навъ тарбияро ба онҳо фаҳмонда тавонем.
Файзалӣ Икромов,
омӯзгори мактаби №10-и шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр