Аввалин ва муҳимтарин вазифаи мактаб ва омӯзгор ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон ва рушди олами маънавии онҳо мебошад. Ҷаҳонбинӣ, пеш аз ҳама, маҷмӯи ақида, эътиқод ва муносибати шахс нисбат ба ҳодисаҳои ҷамъиятӣ дар зиндагӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар як синф хислату характери ҳамаи бачаҳо якхела нест, аз ин рӯ, вазифаи аввалини ҳар як омӯзгор бо онҳо забон ёфтан, фаъолияти чанд нафарро ба рафтори аксарият мувофиқ кунондан аст. Азбаски тарбия ва рафтор дар оилаҳо гуногун аст, мо метавонем волидони чунин хонандаҳоро ба мактаб ҷалб намуда, барои таъсир расондан ба фарзандони онҳо аз неруи ақлонии онҳо истифода барем.
Ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки барои инкишоф додани олами маънавии хонандагон ва ташаккули ҷаҳонбинии онҳо аз чунин шаклҳои тарбия истифода барад:
• иштироки хонандагон дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ; ташкили машғулиятҳои беруназсинфӣ; ташкили саёҳатҳо; ташкили дарсҳои намунавии тарбиявӣ бахшида ба мавзӯъҳои гуногун; таҷлили санаҳои таърихӣ; гузаронидани бозиҳои варзишӣ ва викторинаҳо дар мавзӯъҳои гуногун.
Агар мо, омӯзгорон, чунин тавсияҳоро дар дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ истифода барем; якум тарбияи маънавии хонандагон; дуюм, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва сеюм, вазъи илмомӯзии онҳо рушд мекунад.
Барои вусъатбахшии ҷаҳонбинии хонандагон ҳамкории мактаб бо оила мақоми аввалиндараҷа дорад. Ҳар як омӯзгор бояд аз вазъи оилавии шогирдонаш бохабар бошад. Падару модарон вазифадоранд, ки бо омӯзгорон ҳамкорӣ кунанд, хонандагонро бештар ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, масалан, театр, музей, осорхона баранд ва аз тамошои намоишҳои театрӣ, хонамузейҳо сатҳи ҷаҳонбинии фарзандонашонро баланд бардоранд. Ба ин васила, анъанаҳои миллӣ, ҳисси масъулиятнокиву вазифашиносӣ, хушахлоқиву меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, ҳақиқат-писандӣ, мардонагӣ, ватанпарастиву инсондӯстӣ ва қадршиносии миллӣ дар шуури хонандагон ташаккул ва инкишоф дода мешавад.
Розия АЛИМОВА,
омӯзгори мактаби рақами 60,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр