Фаъолияти омӯзгории Айнӣ асосан баъди Осиёи Миёнаро забт намудани Россия, яъне дар ибтидои асри ХХ, дар марҳилаи нави маорифпарварӣ сар шуд, ки ин аз нимаи дуюми асри Х1Х фарқ мекард. Фарқ дар он буд, ки маорифпарварони асри ХХ Айнӣ, Шакурӣ, Аҷзӣ, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё аз назария ба амалия гузаштаанд.
Махсусан, дар ин роҳ саҳми устод Айнӣ хеле бузург аст.Устод ба адабиёти бачагонаи тоҷик дар ҳамин давра рӯ овардааст. Садриддин Айнӣ ҳамчун яке аз аввалин омӯзгорони мактабҳои нав барои насли наврас китоби қироатиеро бо номи «Таҳзиб-ус-сибён» байни солҳои 1910-1917 ду маротиба чоп намуд. Устод дар китоби худ хонандагони хурдсолро бо табиат, меҳнат, бо тарзи зиндагӣ, масъулияти онҳо дар кор, дар душвориҳо дар ҳарос наафтодан таваҷҷуҳи худро изҳор мекунад. Ба ҳамин тариқ, дар адабиёти навини мо ин яке аз асарҳои аввалин, ки оид ба ҳаёти бачагон, дар асоси ба назар гирифтани синну соли хонандагон бо забони равону фаҳмо навишта шудааст, ба ҳисоб меравад.
Ин китоби қироатӣ (дарсӣ) аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
а) адабиёти шифоҳӣ, б) адабиёти классикӣ, в) зарурияти омӯхтани шеърҳо барои бачагон. «Таҳзиб-ус-сибён» аз чанд ҷиҳат ҷолиби диққат аст: ҳамчун китоби дарсӣ дорои манзумаи шеъру ҳикояҳо барои бачаҳо. Дар ин китоб устод Айнӣ аз адабиёти шифоҳӣ ва хаттӣ маводи зиёде гирд овардааст. Аз қабили «Мактаб», «Замзамаи дабистон», «Бомдоди баҳорон», «Ҳасан зад» ва ҳикояи «Хонадони хушбахт» .
Устод Айнӣ афзалият ва муҳиммияти мактабро пешорӯи хонандаи нуктасанҷ бо каломи намакин муаррифӣ намуда, ин макони маърифатро ба ҷӯяндагону толибони илм васф кардааст. Воқеан ҳам, мактаб даргоҳи саводу донишомӯзӣ, худшиносиву, худогоҳӣ, ҷаҳондониву ҷаҳонфаҳмӣ, муҳимтар аз ҳама, макони тарбияти камолоти инсонӣ ба шумор меояд.
Ҷойи таъкид аст, ки ин абёти гуҳарбори бузургвор Айнӣ ба мисли муҳаббатномаест, ки дар ҳар мисраи он мақому манзалати мактаб мавриди ситоиш қарор ёфтааст.
Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон,ҷон аст мактаб.
Айнӣ барои бачаҳо асар навишта, фақат бо тартиб додани китоби аввали дарсӣ (қироатӣ) «Таҳзиб-ус-сибён» иктифо накард. Ӯ соли 1919, дар замоне, ки дар яке аз мактабҳои Самарқанд дарс мегуфт, бинобар набудани китобҳои дарсӣ худаш мувофиқи талаботи замон ва талаботи барномаи таълимӣ шеъру ҳикояҳоро барои хонандагон менавишт. Айнӣ аз рӯзҳои аввали Инқилоби Октябр ба адабиёти бачагон аҳамият дода, бо ташаббуси ӯ дар Самарқанд маҷаллае бо забони ӯзбекӣ бо номи «Болалар йлӯолдошӣ» чоп мешуд, ки дар тамоми Осиёи Миёна аввалин маҷаллаи бачагона ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, ин маҷалла се шумора чоп шуда, аз сабаби набудани коғаз ва василаи чоп мавқуф монда шуд.
Дар соли 1909 китобҳои дарсӣ «Тартил-ул-қуръон», соли 1917 «Зарурияти динӣ»-ро барои мактабиёни тоҷик, соли 1921 бошад, «Холида ё қизбола»-ро барои мактабҳои ӯзбекӣ навиштааст. Айнӣ ду китоби аввалро барои мактабҳои усули нав эҷод кардааст, ки аз равандҳои таълими динии мактабҳои куҳна фарқ мекарданд.
Дар таълими куҳна синну соли хонанда ба ҳисоб гирифта намешуд ва аз сӯи дигар дар таълим як барномаи мушаххас набуд. Устод Айнӣ ин ҷиҳатро ба назар гирифта, дар зери таъсири мактабҳои тоторӣ, озарӣ, туркӣ китобҳои таълимии хониш барои наврасонро навиштааст.
Раҳим Ҳошим яке аз шогирдони устод ва ҳамкораш дар китоби ёддоштии хеш «Сухан аз устодон ва дӯстон» оид ба тарзи дарсгузарии устод Айнӣ чунин меорад. : « Азбаски дар он рӯзҳо китоби хониш набуд. Айнӣ сабақҳоро аксар, хоҳ тоҷикӣ, хоҳ ӯзбекӣ, худаш менавишт ва ба мо дикта мекард. Баъд дафтарҳоро гирифта ислоҳ менамуд. Одатан ба дафтарҳо се хел баҳо мегузошт: имло, ҳусни хат ва тозагии дафтар. Аҷаб не дар таърихи тадрис ва таълими тоҷик ин аввалин таҷрибаи баҳомонӣ ба навиштаҳои мактаббачагон бошад».
Дар китоби қироатии «Роҳи нав» барои синфҳои дуюм ва сеюми мактаби ибтидоӣ чанд шеъри устод Айнӣ ва бозиҳои бачагона, аз қабили «Бозии чашмбандак», «Ҳуштутбозӣ», «Бозии гир-гиракон», «Бозии дум-думакон», «Гачабозӣ» ва ҳикояҳои «Чӯпон», «Дар замони амир», «Нест бод ҳаллоҷӣ», «Деҳаи париён», «Ҳилагарии Аҳмадбой» ба табъ расиданд.
Дар баробари ин, ду повести таърихии ӯ «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» дар байни солҳои 1941 байни хонандагони ҳамаи синну сол дастрас буда, ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд. Ба ақидаи Садриддин Айнӣ, касе, ки дар адабиёти бачагон кор мекунад, бояд услуби баёни сода, равон, равшан дошта бошад.
Дар байни асарҳои зиёди устод Айнӣ «Аҳмади девбанд», «Мактаби куҳна», «Марги судхӯр» баъзе қисматҳои «Ёддоштҳо» беҳтарин китобҳо барои мутолиаи бачагон мебошанд. Муаллиф дар ин китобҳо оид ба ҳаёти ҳамонрӯзаи мардуми тоҷик, меҳнату интизоми онҳо маълумоти муфассал медиҳад. Ин асарҳо аз ҷиҳати фасоҳат ва таровати баён барои бачагон беҳтарин намунаҳои асарҳои хонданбоб маҳсуб мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки устод Айнӣ дар таълифи китобҳои дарсӣ аз истифодаи калимаву таъбирҳои душворфаҳми арабӣ дурӣ ҷуста, барои осону фаҳмо баён доштани фикру андешаҳояш аз вожаю ибораҳои софи забони тоҷикӣ истифода бурдааст.Ин шеваи нигоришро бо ҳамсафони худ, ки ба навиштани китоби дарсӣ иштиғол доштанд, бо таъкид гӯшзад кардааст. Дар ин замина, устод Айнӣ ба тозагӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони адабии миллати худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.
Салим Тағоев,
омӯзгори кафедраи забон ва
адабиёти коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ
ба номи С.Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр