Нашрияи Омӯзгор

Аз як даст садо наояд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Муҳити тарбия, ҷаҳонбинӣ, ақлу одоб ва дунёи маънавии падару модар омилҳоеанд, ки кӯдак аз онҳо ғизои маънавӣ мегирад.

Ҳар қадар падару модар бофарҳангу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар бештар дар замири фарзанд саводу дониш, ақлу тамиз, меҳру муҳаббат ба наздикон ва атрофиёнро  тарбия кардан мусоидтар аст.

Омӯзгор кӯдаконро бо меъёри кории мактаб шинос менамояд, онҳоро бо шароит ошно сохта, дилашонро ба дониш гарм мекунад. Дар ин кор волидонро мебояд ба омӯзгорон ёрии ҳаматарафа  расонанд.

Табиист, ки дар деҳот бачаҳо бештар ба корҳои хоҷагӣ банд мебошанд. Ин ҳолат (маҳз бо хоҳиши худи падару модарон) бачаро водор менамояд, ки на ба мактаб ояду на ба маҳфилҳо иштирок намояд. Ҳангоме  ки муаллим ё роҳбари синф ба волидони чунин хонандагон ҳамсуҳбат мешавад, онҳо бесаводии фарзандашонро ба дӯши омӯзгорони мактаб бор карда, худро дар канор мегиранд. Аз ин рӯ, роҳбари синфро зарур аст, ки ин корро дар маҷлиси синф, умумимактабӣ ё дар шакли суҳбати алоҳида бо падару модарон ба анҷом расонад.

Падару модар медонанд, ки фарзанд меваи умри одамизод  мебошад. Аз тарбияи ӯ канораҷӯӣ  кард. Дар мактаб ҳар як синф роҳбар дорад ва тибқи нақша роҳбарони синфҳо ҳафтае як маротиба соати тарбиявӣ мегузаронанд. Бинобар он, волидон бояд бо роҳбари синф ҳамкорӣ намуда, дар машғулиятҳои тарбиявии синфҳое, ки фарзандонашон мехонанд, иштирок  намоянд, дар мавридҳои зарурӣ бо ҳамсинфони фарзандонашон суҳбатҳо гузаронанд. Зеро ҳеҷ гоҳ дар танҳоӣ кори таълиму тарбияро пеш бурда намешавад. Мутаассифона, ҳастанд волидоне, ки ҳатто дар кадом синф хондани фарзандашонро намедонанд, баъзе аз онҳо чунон бепарвоянд, ки шумораи мактаби фарзандашон таҳсил мекардаро дар хотир надоранд, вале баъд аз хатми мактаб агар фарзандашон ба ин ё он мактаби таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олии касбӣ дохил гардида натавонист, ҳатман мактабу муаллимро гунаҳгор мекунанд, ки аз рӯйи инсоф нест. Мақолест, ки «Аз як даст садо намеояд». Бинобар он, волидонро зарур аст, ки аз рӯзҳои нахустини по ба остонаи мактаб гузоштани фарзандашон масъулияти бузурги бар дӯш  доштаашонро фаромӯш насозанд.  

Назира Ширинова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш