Нашрияи Омӯзгор

Дарси хуб ба кӯшиши омӯзгор вобаста аст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 741        Шарҳ: 0

Ҳар омӯзгор новобаста  аз фан бояд ҳамеша бар он кӯшад, ки дар ҳар дарс шогирдонро бо навигариҳои замон ошно созад. Ба ақидаи инҷониб, дар дарсҳои забону адабиёт барои диққати толибилмонро ба омӯзиш ҷалб намудан истифода аз диску картотека, луғату вожаҳои нав,  ки дар рафти дарс ба хонандагон супорида  мешаванд, фоидаовар аст. Аз рӯйи таҷрибаи чандинсолаи мо маълум гардид, ки яке аз роҳҳои саводнок гардондани хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик ташкил кардани дафтари алоҳидаи луғатнома аст. Омӯзгор бояд дар ҳар дарс ба қайди калимаҳои нав ё душворфаҳм дар дафтар ба бачаҳо аҳамият диҳад, то онҳо ҳатман ин гуна  калимаҳоро сабт намуда, аз пайи омӯхтани маънии онҳо гарданд.

Агар бачаҳо бо истифодаи калимаҳои азбаркардаашон мисраъ, зарбулмасал, байт ё қитъаи шеъреро дар ҳузури муаллим ва ҳамсинфонашон хонда тавонанд, нуран алонур мешавад. Ба ин васила, тӯлонитар дар хотир мондани калимаву ибора барои бачаҳо осон ва фоидаовар  хоҳад буд. Яъне, ин ҷо ташаббуси омӯзгор дар ин усули дарс таъсиргузор  аст. Омӯзгор агар роҳи дурустро барои омӯхтани мавзӯъ пешниҳод карда тавонаду натиҷаашро аз шогирд дар вақти муайян пурсида тавонад, пас дигар дар самти азхуд кардани дарс ва ҷавоб додани вазифаи хонагӣ мушкилот боқӣ намемонад.      

Хонандагони фаъол ба ин васила имкон меёбанд, ки бо хонандагони сустхону сустдониш ҳамкорӣ кунанд. Баробари ин, ташкили дарсҳои иловагӣ барои фаъолон як маротиба ва барои сустхонҳо ҳафтае ду маротиба мақсаднок аст. Бо ин мақсад дар таълимгоҳи мо барои саводнокии бештари шогирдон дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои «Забоншиносӣ» ва «Хатти ниёгон» амал мекунанд.

Маҳз натиҷаи ҳамин буд, ки хонандагон ба ин фанҳо майли бештар пайдо карда, дар олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ иштироки фаъолона доранд. Фикр мекунам, муносибати ҷиддӣ ба таълиму тарбияи шогирдон устодро дар назди бачаҳо соҳибэҳтиром мегардонад.

 

Таманно Холова,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш