Нашрияи Омӯзгор

Ҳамеша бо шогирдон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Шахси дардошною рамузфаҳм, мунису ғамхор, кони панду ҳикмат барои ҳар талаба роҳбари синф аст. Роҳбари синф дар мактаб оинаи маълумотҳост. Ӯ ҳамеша ҳушёру бедор аст ва ҳамеша дар сар андешаи шогирдонро дорад.

Ман хушбахтам, ки роҳбари синфам. Педагоги машҳури Шӯравӣ Сухомлинский дуруст гуфтааст: «Ман ба роҳбарони синф ҳасад мехӯрам, зеро онҳо доим бо бачагонанд».

На ҳар омӯзгор роҳбари синф шуда метавонад. Муаллиме, ки танҳо дарс мегузарад, дар раванди дарсаш руҷӯъ ба нуктаҳои тарбия мекунад, аммо он лаҳзаи кӯтоҳест маҳдуд ба 45 дақиқа.

Роҳбари синф масъул ва вазифадор аст, ки тамоми рӯз ҳамдаму ҳамнафаси шогирдон бошад.

Роҳбари синф суханшинос бояд бошад, боандеша, бамавриду муассир сухан гуфта тавонад, талабаҳоро эҳтиром кунад. Олами кӯдаконро дониста амал намудан комёбист. Роҳбари синф падар ё модари маънавии ҳар хонанда ба ҳисоб меравад. Бори вазнине ба дӯш дорад. Ӯ дар як нуқта қарор намегирад. Дастури  роҳбари синф «Дафтари кории роҳбари  синф» мебошад, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии он тавсия шудааст.

Ман ҳамчун роҳбари синфи 8 вазифадорам, ки аз он бо ба ҳисоб гирифтани шароити муҳити деҳа кор бигирам. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгири фаъолияти роҳбарони синф низ гардид. Волидони фориғбол хеле зиёд буданд. Онҳо акнун эродро гӯш мекунанд, тасдиқ мекунанд, ки роҳбари синф ё омӯзгор ҳарфи нодуруст нагуфта будааст...

Тарбия самтҳову ҳадафҳои гуногунро фаро мегирад. Аз ҷумла, тарбияи миллӣ, ғоявӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ,  ватанпарастӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, инсонгароӣ, зебоипарастӣ, сиёсӣ, ҷисмонӣ, интиқодӣ, таҳаммулпазирӣ, дарки масъулият… Роҳбари синф ба ҳамаи ин масоил бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад.

Синфе, ки ман роҳбараш ҳастам 26 хонанда дорад. Ҳар яке дар муҳити хосае ба воя расидаанд ва тарбияи гуногун доранд. Яке зудранҷу бадқаҳр, дигаре дамдузду одамгурез, сеюмӣ шармгину бе ҷуръат, чорумӣ бетоқату шӯх. Тӯли таҳсил роҳбари синфро лозим аст, ки аъмолу гуфтори ношоистаи шогирдонро ислоҳ намояд ва дар онҳо хислатҳои некро бипарварад. Роҳбари синф хонандагонро ба сайругашт мебарад, ба меҳнати муфид ҳидоят мекунад, ташвиқ ба китобхона менамояд, мекӯшад, ки онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳо ширкат биварзанд.

Ҳамин тавр, роҳбари синф ҳамеша дар такопӯст ва пайваста дар андешаи он мебошад, ки шогирдон хуб таҳсил кунанд, илм биомӯзанд, хушрафтору накукор бошанд.

 

Ширин Боева,

омӯзгори мактаби

№2-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш