Дар ҷумҳурӣ ба ғайр аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боз литсей, гимназия, муассисаҳои хусусӣ, марказҳои такмили ихтисос вобаста ба шароит ва имкониятҳои худ фаъолият доранд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро бо вуҷуди чунин гуногунрангӣ ҳамоно хонандагон дар сатҳи зарурӣ аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ бархӯрдор нестанд? Дар муассисаҳои таълимӣ дар як ҳафта аз фанни забони англисӣ ду соат дарс ба нақша гирифта шудааст, ки ба назари мо кам мебошад. Дар ин муддат хонанда имкони азхудкунии пурраи забонро надорад ва китобҳои дарсӣ ба қобилияти аксари хонандагон мувофиқ карда нашудаанд.
Ҳоло ҳам муассисаҳое ҳастанд, ки синфхонаҳои танг дошта, хонандагон аз норасоии мизу курсӣ ва набудани шароити хуб танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, омӯзгорон наметавонанд, ки дарсҳои худро дар сатҳи хуб гузаранд. Мувофиқи талабот барои босифат гузаштани дарс бояд шумораи хонандагон мувофиқи вақти муаяншуда аз 7 то 15 нафар бошанд. Мутаассифона, дар аксари синфҳо миқдори хонандагон 30 - 35 нафар ва зиёд ҳам мебошад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳатман бояд аз тариқи тақсими хонандагон ба зергурӯҳҳо гузаронида шавад.
Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ омӯзгори хуб низ нақши муҳим мебозад. Омӯзгор бояд бо маҳорати суханварӣ хонандагонро ба раванди омӯзиш ҷалб намояд. Синфхонаҳоро бо ашёи хониш, ба монанди китобҳои бадеӣ, бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ: планшет, компютер, проектор, тахтаи электронӣ, телевизор, интернет, ки ба воситаи онҳо дарсҳо шавқовар мегузаранд, муҷаҳҳаз гардонидан шарти муҳим аст.
Омӯзгор бояд дар ин раванд ба ғанӣ намудани фонди луғавии шогирдон аҳамияти ҷиддӣ дода, бо ин восита тамоми қоидаҳои забонро, ба мисли талаффузи дурусти овоз дар зеҳни хонанда ҷой диҳад. Ба хонандагон азбар кардани матнҳои гуногун, аз қабили муколамаҳо бештар супориш дода шавад, қоидаҳои дурусти муоширатро хуб азхуд намоянд.
Чанде пеш бо мақсади азхудкунии талаффузи дуруст ба чандин муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав фиттаҳои забони англисӣ пешниҳод карда шуданд. Баъди чанде сари ин мавзӯъ баҳсу мунозира сар шуд. Эродҳо сари он буданд, ки чаро дар фиттаҳо тарзи талаффузи калимаҳои англисӣ дигар нишон дода шудаанду баъзе омӯзгорон талаффузи дигарро талаб доранд. Таҳлили калима, ибора ва ҷумлаҳои алоҳидаи фиттаҳои мазкур нишон дод, ки онҳо дар фиттаҳо ғалат сабт шудаанд. Масалан, калимаҳои fourty, thirty, thousand, third, bird, goat, red, houses, floor, count, brown, evening, cleaner, first, few, mine, easy, writers, now, carefully, nails, machine, heating нодуруст ифода ёфтаанд.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори соҳа, ҳамчунин бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ҳамарӯза ба Тоҷикистон меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ меоянд ва аз мавзеъҳои таърихию дилрабои диёри мо дидан мекунанд. Бешубҳа, шаҳрвандони мо бо онҳо рӯ ба рӯ меоянд ва дар раванди хизматрасонӣ зарурати муошират ба миён меояд. Мутаассифона, айни замон аксари сокинони мамлакат, ба ҷуз афроди забондон бо забонҳои хориҷӣ гуфтугӯ карда наметавонанд.
Дар робита ба ҳамин мавзӯъ зикр карданиам, ки надонистани қоидаҳои забони хориҷӣ душвориҳои дигареро низ пеш меорад. Масалан, нодуруст навиштани номи деҳаҳо дар шафати шоҳроҳҳои калон. Аз ҷумла, дар шоҳроҳи Турсунзода - Душанбе чунин хатоҳо ба назар мерасанд. Дар ду тарафи роҳ исми деҳаҳо бо ҳарфҳои калони алифбои кириллӣ (тоҷикӣ) ва лотинӣ (англисӣ) насб гардидааст, ки аксари онҳо бо забони англисӣ хато навишта шудаанд. Чанде аз онҳоро барои мисол меорем.
Деҳқонобод - Dehkonobod, Суғдиён - Sugdiyon, Хоҷа Гулпуш – Hoja Gulpush, Ғуриёт - Guriot, Афғонобод - Afgonobod, Ғайратобод - Gayratobod, Шӯроби Афғон – Shurobi Afgon, Чоряккорон - Chorykkoron.
Мавриди зикр аст, ки чунин навиштаҳои хато дар дигар гӯшаву канори мамлакат низ ба чашм мерасанд. Ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки аз ин роҳ одамони касбу кори гуногун пайваста гузар мекунанд, аммо ягон кас ба ин таваҷҷуҳ зоҳир накарда, аз пайи ислоҳи он намешавад. Масъулинро мебояд ҷиҳати ҳалли камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Файзулло БОБОЕВ,
омӯзгори забони хориҷии мактаби № 43, ноҳияи Шаҳринав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр