Дар муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳияи Айнӣ Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ бо иштироки сардори оперативии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Асадулло Ҳувайдуллоев, сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт Диловар Ҳамдамов, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ ва роҳбарони омодагии дифои ҳарбии макотиби ноҳия гузаронида шуд.
Диловар Ҳамдамов сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ашт зикр намуд, ки мақсад аз баргузории Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар ноҳия, ин пеш аз ҳама, баланд бардоштан ва такмил додани дониш ва омодагии омӯзгорону хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ, омода намудани хонандагон барои амал намудан дар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусиятҳои гуногундошта ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо, омӯзонидани хонандагон оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани дигарон мебошад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр