Вақте ки дар натиҷаи тақсимоти пуриштибоҳу ноодилонаи солҳои 20-уми асри гузашта тоҷикон аз шаҳрҳои тамаддунпарвару фарҳангофари худ – Бухорою Самарқанд маҳрум шуданд, лозим омад, ки деҳаи начандон бузурги Душанберо ба ҳайси пойтахт интихоб намоянду онро аз ҳар ҷиҳат тараққӣ диҳанд.
Халқи заҳматкашу соҳибис-теъдоди тоҷик бо гузашти солҳо Душанберо бо як шаҳри зебову ороставу пешрафта табдил дод. Ин ҷо паси ҳам заводу фабрикаҳо, биноҳои истиқоматӣ, марказҳои фарҳангиву варзишӣ ва маърифатию маъмурӣ бунёд карда шуданд. Чун тоҷикон табиатан адабпарваранд, дар пойтахти навини худ низ ба рушди илму адаб эътибори бештаре зоҳир намуданд. Барои устуворсозии пояҳои адабиёти давраи навин дар шаҳри Душанбе гурӯҳи калони адибон, чун устод С.Айнӣ, А.Мунзим, А.Ҳамдӣ, Т. Зеҳнӣ, З.Ҷавҳарӣ, А.Лоҳутӣ, А.Деҳотӣ, Б.Азизӣ, Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, Ҳ.Карим, П.Толис, М.Турсунзода, М.Миршакар, Р.Ҳошим… гирд омада, паи ҳам асарҳои ҷолибу пурмуҳтаво офариданд. Тадриҷан тамоми жанрҳои адабӣ рушд ёфтанд. Аввалин қиссаю романҳо, намоишномаҳо, маҷмӯаи ашъору достонҳо эҷод шудаву ба нашр расиданд. Бо тарҷумаи шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Робитаҳои адабӣ бо мамолики хориҷӣ ва бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ рушд ёфтанд. Танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар заминаи кӯшишу заҳматҳои пайвастаи олимони номвар А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, С. Табаров, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, И. Брагинский, Р. Ҳодизода, Ю. Бобоев. Л. Демидчик… хеле ташаккул ёфт. Дар пойтахт як силсила марказҳои муҳими адабӣ бунёд ёфтанд, ҷоизаву нишонаҳои адабӣ таъсис дода шуданд. Фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кард.
Нақши Душанбе дар рушди адабиёт, махсусан, пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле барҷаста гашт. Пойтахти кишвари моро имрӯз метавон дар қатори беҳтарин шаҳрҳои фарҳангию адабии Осиёи Миёна ба забон овард. Солҳои охир дар адабиёти тоҷик вобаста ба рӯҳияи замон мавзӯъҳои истиқлолияту созандагӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстиву ҳамдилӣ, ситоиши арзишҳои миллӣ мавқеи устувор ва фаъол пайдо карданд. Адибони маъруф Лоиқ, М.Қаноат, Гулрухсор, Б.Собир, Гулназар, Кӯҳзод, С.Турсун, А.Самад, С.Маъмур, М.Бахтӣ, К.Мирзоев, Ҳ.Ғоиб, М.Ғоиб, Н.Қосим… дар ин мавзӯъҳо асарҳои муассиру пурҳикмат ва ифтихорангез офариданд.
Ҳоло адабиёти бачагонаи тоҷик пешрафта аст ва дар тарбияи насли наврас нақши муҳим мебозад. Ҳар сол даҳҳо номгӯй китоби назму наср барои кӯдакону наврасон ба табъ мерасад. Дар Душанбе чандин театру китобхонаи муҷаҳхази замонавӣ дар хизмати насли наврас қарор доранд…
Душанбе имрӯз, воқеан ҳам, шаҳри адабию фарҳангии бузург аст ва ин ба аҳли таълиму тарбия низ барои фаъолияти пурсамар имконоти созгор фароҳам меоварад.
Нигина Меликова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр