Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо - тоҷикон табиист, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст.» (Эмомалӣ Раҳмон) Дар ҳақиқат, шаҳри Душанбе бисёр зебову ороста шудааст. Дар кӯчаҳои он қадам гузошта аз шаҳомати он ҳаловат мебарӣ. Биноҳои баландошёнаи замонавӣ ва гулгаштҳои ҳамешабаҳори Душанбе ба кас шодию фараҳ мебахшанд.
Чанд сол пеш шеъри устод Лоиқ Шералиро, ки ба таври шӯхиомез навишта шудааст, хонда будам. Шеър „Фардои Душанбе” ном дорад.
Душанбе мешавад шаҳри ҳумоюн,
Душанбе мешавад шаҳри ҷаҳонӣ,
Ба шарте қасрҳои шарқӣ созанд
Ба ҷойи ин катакҳои бетонӣ.
Ин шеъри шоирро ба хотир оварда, афсӯс мехӯрам, ки устод Лоиқ Шералӣ дар қайди ҳаёт нестанд, то ки Душанбеи имрӯзаро бубинанд. Бубинанд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, бо шарофати заҳматҳои Пешвои миллат Душанбе, воқеан ҳам, шаҳри ҷаҳонӣ шудааст. Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи умеди ҳама тоҷикони рӯи дунё аст. Ва барои кулли тоҷикону мо - сокинони он, ки дар оғӯшаш кору фаъолият дорем, басо азиз аст. Ба таърих назар карда, Душанбеи куҳнаро мебинем, ки аз кулбаҳои гилин, кӯчаҳои пурлой иборат буд. Дар замони Шуравӣ Душанбе бунёд ёфт, аммо дар даврони соҳибистиқлолӣ босуръат обод шуда истодааст. Ин ҷо боз аз шеъри устод Лоиқ Шералӣ ёд меояд:
Душанбе мешавад обод, бешак,
Вале ҳар лаҳза бошад маътали мо.
Паи ободиаш чандин бикӯшем,
Ки дар ҳар кӯча монад ҳайкали мо.
Ман ҳамчун муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ҳама вақт шогирдони худро дар рӯҳияи ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия менамоям. Онҳо бояд ҳамчун ояндасозони шоистаи миллат ба камол расида, баҳри ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он - Душанбе кӯшиш намоянд. Ба донишу ахлоқи хуби худ сокини арзандаи пойтахт будани худро собит созанд. Душанбе ифтихори ҳар яки мост.
Сурайё Асланова,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби №67-и ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр