Нашрияи Омӯзгор

Табиат эъҷози нотакрор аст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Яке аз чаҳор унсури ҳастибахши инсон об аст. Маълум аст, ки бе об ҳаёт вуҷуд надорад. Об  ҳастии ҳаёт аст. Ягон гулу гиёҳ, набототу растанию ҳайвоноти зинда бе об вуҷуд дошта наметавонад.

Шукуфтану рустани ҳар як ҷони зинда аз об вобастагӣ дорад. Боиси хушбахтии зиёд аст, ки Тоҷикистон бо оби мусаффои хеш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, ки ин барои мо мояи ифтихор аст.

Дар баробари об яке аз унсури хеле муҳиму зарур ин хок аст.

Хок неъмат ва бақои ҳастии табиат аст, ки зиндагии тамоми мавҷудоти олам аз он сарчашма мегирад. Хок чун бойгарии табиат имконият медиҳад, ки тамоми нахл дар он шукуфта, самар орад ва насли инсону дигар мавҷудоти зинда аз он баҳраёб гарданд.

Мавриде ки сухан аз бодуҳаво меравад, боду ҳаво сармояи роҳату озодиву саодати башарият аст. Он чун манбаи ҳаёти солим ва ҷисми солим мақоми хешро дорост. Аз ҳавои тоза нафаси тоза мегирем. Саломатии мо устувор мегардад ва ҳаёти мо осуда мешавад, нашьунамо меёбем, тансиҳату осуда зиндагӣ мекунем. Бад будани ҳавою муҳити атроф инсонро ба бемориҳо оварда мерасонад.

Чор фасли соли Тоҷикистон бо дилрабоиву зебоии хеш ҳамто надорад. Дар фасли зимистон баъзе ҳайвонот бо сардии ҳаво дар хоби ноз мераванду бо фаро расидани фасли баҳори дилангез аз нав бедор мегарданд.

Табиати Тоҷикистон          зеботарин     манзараҳоеро дорост. Тоҷикистон макони неъматҳои фаровон аст. Он бо сарватҳои зеризаминӣ, ки яке аз сарчашмаҳо ва захираҳои бузурги табиатанд дар ҷаҳон машҳур аст. На танҳо халқи тоҷик, балки тамоми халқи дунё аз онҳо истифода мебараду ҳаёти хешро рангину пуртароват мегардонанд.

Яке аз сарватҳои бемисли дигари табиат ин гулу гиёҳҳои фоидабахш мебошанд, ки дар ҳолатҳои гуногун ҳамчун манбаи доруворӣ истифода мешаванд.

Мо бо табиати хеш фахр дорем. Тамоми ҷаҳониён медонанд, ки кишвари мо аз ҷиҳати обҳои тоза ва сарватҳои нодираш дар ҷаҳон беҳамтост.

Дар шароити кунунӣ рисолату қарзи бузурги инсонии мо аз он иборат аст, ки дороии табиати нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ободонӣ ва озодагии маҳали атроф кӯшиш намуда, ҷиҳати афзудани манбаъҳои бузурги табиати зебои хеш ғайрат намоем.

Ҳама чиз дар дунё ба ақлу заковати инсонҳо вобастагӣ дорад. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист низ ба зисту зиндагии ҳар як сокини кишвар вобастагӣ дорад.

Вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрӯз дар ҳаёти мо нафароне ёфт мешаванд, ки нисбат ба манбаъҳои табиат беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Манфуртарин инсонҳо ҳамон нафароне ҳисобида мешаванд, ки оби дарёву чашмаҳоро ифлос мегардонанд, дарахтонро решакан, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд. Бо дуди сӯзишвориҳои ғализ ҳавои гирду атрофро ифлос мегардонанд, насли ҳайвоноти ваҳширо, ки дар ҷангалзорҳо ҳаёт ба сар мебаранд, маҳв мекунанд.

 

Мунира Давлатшоева,

омӯзгори мактаби №92,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш