Дар деҳаи баландкӯҳӣ Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод аввалин муассисаи хусусии томактабӣ бо номи «Чидухтарон» ба фаъолият оғоз намуд. Бояд ёдовар шуд, ки кӯдакистони мазкур бо дастгирии роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр», марди фозилу саховатпеша Зуҳуриддин Муҳиддинов таъсис дода шуд. Муассисаи хусусии томактабии «Чилдухтарон» аз як бинои дорои 2 ҳуҷра, ошхона, 2 утоқи корӣ ва майдончаи бозии кӯдакон иборат буда, бо тамоми лавозимоти муосири замонавӣ таъмин мебошад.Имрӯз дар ин муассиса 20 нафар кӯдакону наврасони 6-сола дар гурӯҳи томактабӣ таълиму тарбия мегиранд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр