Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ, ки дар сохтору шуъбаҳои раёсати донишгоҳ ҷараён дошт, бо баргузории мулоқот бо ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид.
Аз 90 донишҷӯи давраи аввали ҳафтаи худидоракунии донишҷӯён дар сатҳи факултаҳо 30 нафарашон бо назардошти малакаю маҳорати корбарӣ ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Ин донишҷӯён ба ҳайси роҳбар дар идоракунии сохторҳои донишгоҳ фаъолияти мақсадноку босамар бурда, чорабиниҳои мухталиф ва мулоқоту вохӯриҳоро ташкилу баргузор намуданд.
Иштирокчиёни чорабинии мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои вазифавӣ доир ба фаъолияташон давоми як ҳафта ба сарвари донишгоҳ ҳисобот доданд.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр